Дар як садама дар Русия 2 нафар ӯзбекистонӣ кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шуданд


Рӯзи 1 декабр дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки автомобиле, ки дар дохили он шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд, садама рух дод. Дар ин бора “Дунё” хабар дод.
Автомобили Volkswagen Polo дар роҳи яхбаста лағжид ва ба канори роҳ сарозер шуд. Ду мусофир – бонуи 27-сола ва кӯдаки 5-сола қурбони ин ҳодиса шуданд. 5 нафари дигар, аз ҷумла, ронанда бо захмҳои вазнин ҳоло дар бемористон бистарианд. Шифокорон ронанда ва модари кӯдаки фавтидаро ҷарроҳӣ мекунанд.
Кормандони консулгарӣ ва намояндагии агентии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар Екатеринбург ҳоло барои ёрӣ ба шаҳрвандон дар бемористонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ