Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 15% аҳолии кураи замин аз ягон намуди маъюбӣ ранҷ мекашанд

🔷 Даҳ фоизи маъюбон дар ҷаҳон кӯдакон мебошанд. Зиёда аз 80% чунин одамон дар ҷаҳон дар кишварҳои тараққиёфта зиндагӣ мекунанд.

📌 Созмони Милали Муттаҳид 14-уми октябри соли 1992, 3-юми декабрро Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон кард.

✅ Тибқи ин санади байналмилалӣ, ба ҳамаи кишварҳои узви СММ, инчунин ба ташкилотҳои дахлдор тавсия дода мешавад, ки барои маъюбон ба таври мунтазам шароити зист, кор, таҳсил ва барқарорсозии саломатии худро фароҳам оварда, ин рӯзро дар миқёси васеъ ҷашн гиранд.

🔷 Дар мамлакати мо аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба фароҳам овардани имконот ва шароит барои маъюбони ниёзманд диққати махсус дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ