Дар як рӯз дар ИМА беш аз 2700 нафар қурбони COVID-19 шуданд. Ин “рекорд”-и нав

Дар як шабонарӯз дар ИМА беш аз 2 700 нафар қурбони коронавирус шуданд. Дар ин бора “МИР 24” хабар дод.
Аз моҳи апрел то ба имрӯз шумори қурбониёни вирус дар ИМА дар ин ҳад набуд. Ҳоло дар бемористонҳои ИМА беш аз 100 ҳазор мубталои коронавирус муолиҷа мешаванд. Тақрибан вазъи саломатии 20 ҳазор нафари онҳо вазнин аст.
Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ИМА беш аз 13,5 миллион аст. Дар баъзе аз иёлатҳо барои беморон ҷойи холӣ дар бемористонҳо намондааст. Ба ин далел, ҳокимиятҳо мехоҳанд муддати карантинро барои онҳое, ки бо беморон мулоқот кардаанд, 10 рӯз ва барои онҳое, ки натиҷаи тесташон манфӣ аст, 7 рӯз кунанд, то барои дигарон ҷойҳои холӣ пайдо шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ