Парвозҳои миёни Тошканд ва Нур-Султон барқарор мегардад


Ширкати ҳавопаймоии “Uzbekistan Airways” аз 8 декабр парвозҳои муназзамро ба шаҳри Нур-Султони Қазоқистон барқарор мекунад. Ҳамчунин, ба шаҳри Алматӣ парвози иловагӣ роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора Qalampir.uz ба нақл аз маркази матбуотии “Uzbekistan Airways” хабар дод.
Аз 10 декабр ҳафтае як бор ҳавопаймо аз Тошканд ба Нур-Султон парвоз мекунад. Соати парвоз 17.00 буда, ҳавопаймо дар соати 18.00 дар пойтахти Қазоқистон фурӯд меояд.
Ҳамчунин, аз 8 декабр рӯзҳои сешанбе ҳавопаймои “Uzbekistan Airways” ду бор ба пойтахти собиқи Қазоқистон парвоз мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ