Баъди танқид дар Ургут корҳои таъмири роҳи дорои аҳамияти давлатӣ оғоз гардид

Қисми Ургут-Ҷумъабозори роҳи автомобилии «Тойлоқ-Ургут 4Р50» таъмир мегардад. Рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ дар яке аз шабакаи Интернет мақола оид ба носозии ин қисми роҳ дода шуда буд. Дар он сухан дар бораи ба ронанда ва иштирокдорони ҳаракати роҳ пайдошавии ноқулаиҳо дар роҳи Ургут рафтааст. Хизмати ахбори Сарсадорати ҳудудии роҳи автомобилии Тойлоқ-Ургут маълум кард, ки дар ин қисми роҳи Тойлоқ-Ургут корҳои таъмирӣ оғоз гашт. Дар соли ҷорӣ аз ҷониби Корхонаки унитарии аз роҳҳо истифодабарии ноҳияи Ургут ба ҳисоби 500 миллион сӯм ҷойҳои таъмирталаби роҳи Тойлоқ-Ургут мумфарш гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ