Барои донишҷӯёни Самарқанд озмуни стипендияи 1-миллионсӯмӣ эълон шуд


Ҳокимияти вилояти Самарқанд барои донишҷӯёни магистратура озмуни махсус барои дарёфти стипендия эълон кард. Дар ин озмун шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар донишгоҳҳои вилояти Самарқанд таҳсил мегиранд, метавонанд иштирок кунанд.
Довталабон бояд то 31 декабр тавассути сайти www.metsenat.uz аризаи худро барои иштирок тақдим кунанд.
Аз миёни довталабон 10 нафар ғолиб интихоб мешаванд. Ғолибон дар муддати ним сол ҳар мо 1 миллион сӯм стипендия хоҳанд гирифт. Барои интихоб кардани ғолибон сатҳи дониш, донистани забонҳои хориҷӣ, фаъолии иҷтимоӣ ва дигар ҷиҳатҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ