Дар Чехия навъи коғазе ихтироъ шуд, ки коронавирусро нобуд мекунад


Дар Чехия коғазе ихтироъ шуд, ки ҳар гуна бактерия ва вируси ба рӯяш афтода, аз ҷумла, коронавирусро нобуд мекунад. Олимон умед доранд, ки ихтироъи онро барои истеҳсоли пул ва ҳуҷҷатҳо истифода мебаранд.
Дар таркиби коғаз моддаҳои махсуси кимиёӣ бо нано-зарраҳои рух ва нуқра ҳаст, ки онҳо вирус, бактерия ва замбурӯғҳоро мекушанд, вале, ба пӯсти одам зараре намерасонанд.
Иржи Собек, яке аз ихтироъгарон гуфт, “99 дарсади микробҳо дар муддати як дақиқа дар рӯи коғаз нобуд мешаванд”.
Озмоишҳо нишон дод, ки 70 дарсади зарраҳои коронавирус дар муддати 10 дақиқа дар рӯи коғаз мемирад, дар 30 дақиқа аз коронавирус асаре намемонад.
Чехия ба зудӣ 10 тоннаи чунин коғазҳоро истеҳсол хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ