Эрон дар баҳори соли 2021 истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирусро оғоз хоҳад кард


Саид Намакӣ, вазири тандурустии Эрон эълон кард, ки дар ҷумҳурии исломӣ озмоиши ваксинаҳои зидди коронавирус дар одамон оғоз шуд. Дар ин бора IRNA хабар дод.
Саид Намакӣ дар нишасти кумитаи миллии ваксинаи зидди коронавируси Эрон гуфт, ки ҳукумат дар баҳори соли оянда оғоз кардани истеҳсоли ваксинаро барномарезӣ кардааст.
Ӯ афзуд, “Мо пешопеш аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 16,8 милион ваксина харид кардем. Ҳамзамон, мо бо дигар кишварҳо дар якҷоягӣ ваксина истеҳсол мекунем ва дар Эрон озмоиши ин ваксина дар одамон оғоз шудааст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ