Малика Меҳрубонхонум ва мадрасаҳои зарринқабои ӯ

Дар Самарқанд вобаста ба таърихи ин ё он ёдгории меъморӣ бо номи занҳои машҳуре метавон дучор шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва мадании замони худ мақоми баланде доштанд.
Оиди зани калонии Амир Темур Сарой Мулкхонум (Бибихонум), ки иморати мадрасаи Бибихоним бо ташаббуси ӯ қомат рост кардааст, қиссаҳои зиёде ҳастанд ва мардум ҳоло ӯро ҳамчун зани соҳибқирон ва бинокор бештар мешиносанд.
Аз занҳои шоҳзодаҳои темурӣ номи ҳамсари Султон Абӯсаид (1451–1469) – Ҳабибасултонбегим бо сохтмони ёдгории меъмории Ишратхона вобаста аст. Вақте ки духтари ӯ Ховандсултонбегим вафот мекунаду дар Ишратхона ба хок супорида мешавад. Ҳабибасултонбегим барои Ишратхона вақфнома месозад. Ҳабибасултонбегим духтари амир Ҷалолиддин Сӯҳроб будааст. Азбаски кӯшки истироҳатии чорбоғҳои подшоҳиро «тарабхона» ва «ишратхона» мегуфтаанд, бинои кӯҳнаи ҷои ёдгории меъмории Ишратхона иқоматгоҳи духтари ӯ дар чорбоғи Фирӯза будааст, ба ин сабаб баъди гӯронда шудани шоҳдухтар низ ин номро нигоҳ доштааст. Пеш аз он ки ба қиссаи Меҳрубонхонум бипардозем, назаре ба он масъала меафканем, ки дар дарбори шайбониён, ки ҳукуматро аз темуризодаҳо кашида гирифтанд, занҳо чӣ мақоме доштанд. Шайбониён тибқи одати қавмӣ занро баробари шавҳар шоҳ меҳисобиданд. Мақоми аз ҳама баланд­ро зани Муҳаммад Шайбонихон Муғулхонум доштааст. Шайбонихон ду бор ба шоҳи Эрон Исмоили сафавӣ, ки аз туркҳои ҷалоирӣ буду лашкараш низ аз туркҳои қизилбош иборат буд, нома фиристода, ба ҷанг даъват кардааст. Вақте ки Муҳаммад Шайбонихон дар наздикии Марв дар интизори лашкари шоҳ Исмоил истода буд, хабар мерасад, ки ӯ бо қӯшуни зиёде омадааст. Сардорони қӯшун ба Шайбонихон маслиҳат медиҳанд, ки ҷангро сар накарда расидани қувваҳои иловагиро аз Мовароуннаҳр интизор шавад. Аммо Муғулхонум ба шавҳараш мегӯяд, ки ду бор Исмоилро ба ҷанг даъват кардӣ, акнун, ки омадааст, ба ҷанг набаромадан, беномусӣ аст. Қувваҳои шоҳ Исмоил, ки бисёр буд, Шайбонихон шикаст хӯрд ва кушта шуд. Ин воқеа баёнгари равшани он аст, ки сухани зани шоҳ дар давлатдории шайбониён нақши ҳалкунанда доштааст.
Турбати Муҳаммад Шайбонихонро ба Самарқанд оварда, дар саҳни мадра­саи Олияи Хонияи чаласохти ӯ – рӯ ба рӯи Чорсу мегӯронанд. Пеш аз ӯ бародари дар ҷанг кушташудаи ӯ ин ҷо гӯронда шуда буд.
Шайбониён ҷангҳои худро дар кишварҳои ҳамсоя зери шиори муборизаи зидди мазҳаби шиа мебурданд, аммо ҳадафи асосӣ ғорати мардум буд. Ба шаҳодати шоирони дарбории Шайбонихон Муҳаммад Солеҳи ӯзбек ва Камолиддин Биноии тоҷик дар вақти истилою ғорати Ҳисори Шодмон, Хатлон, Бадахшон, Кундуз ва Бағлон шайбониён он қадар тиллову сангҳои қиматбаҳои аҳолиро тороҷ карданд, ки танҳо барои ба Самарқанд бор карда фиристодани корвонҳо ду моҳ камӣ кард. Ба ғайри ин, аз ин маҳалҳо 10 ҳазор сар гӯсфанд, 50 ҳазор сар асп, 50 ҳазор нафар асир, алмосу тиллою лаълу атласи зиёде ғанимат гирифта, ба Самарқанд фиристоданд.
Ҳарисию хасисии Шайбонихон ба ҷое расида буд, ки ба раисушшуарои худ Камолиддин Биноӣ фармон додааст, ки ҳатто аз шоирон бо пули тилло боҷ ситонида шавад. яъне Муҳаммад Шайбонихон сохтмони мадрасаи Олияи Хонияро бо пули ҳамин мардум сар кардааст ва дар сохтмони Қӯшмадраса асосан сарвати мардуми ғоратшуда истифода бурда шудааст.
Муҳаммад Темурсултон (писари Шайбонихон) дар бераҳмӣ аз падари худ кам набуд. Агар Муҳаммад Шайбонихон танаи бинокорони сусткори мадрасаи Олияи Хонияро ба ҷои хишт ба зери девори мадрасаи чаласохти худ хобонда бошад, писари ӯ Темурсултон дар Бозори Аспи Бухоро аз каллаҳои мардуми шӯришгари Қарокӯл калламанора сохта буд.
Аз соли 1510 сар карда, ҳокими асосии шайбониён Суюнч-­хоҷахон мешавад ва Темурсултон барои ҷорӣ кардани тартибу интизом дар Самарқанд баробари ҳоким вазифадор мегардад. Ба ӯ Шаҳрисабз, Насаф, Ғузор, Дарбанд ва замини то соҳили Амударё низ дода мешаванд.
Аммо Темурсултон умри дароз надидааст. Соли 1514 ҳангоми як юриш ба муқобили лашкари Бобур дар Ҳисор Темурсултон касал шуда мемурад. Мурдаи ӯро ба Самарқанд меоранд. Зани ӯ Меҳрсултонхонум баъдан дар байни халқ бо номи Меҳрубонхонум ва Маҳди Улё машҳур гардидааст. Лақаби Улёро ба модари шоҳ медоданд ва маънояш «гаҳвораи олӣ» аст. Бобур дар «Бобурнома» қайд мекунад, ки хонҳои ӯзбек ба дарбори ӯ сафирони худро фиристода будаанд ва дар байни онҳо сафирони Меҳрубонхонум ва писари ӯ Пӯлодсултон низ буданд.
Ин аз зиракии Меҳрубонхонум гувоҳӣ медиҳад. Зеро ӯ шунида буд, ки Бобур дар Ҳинд соҳиби давлати бузурге гардидааст ва метавонад тамоми Мовароуннаҳрро тасарруф кунад. Аз ҷониби Бобур қабул кардани сафирони хонҳои ӯзбек маънои сулҳро дошт. Бобур наметавонист сафирони фиристодаи Меҳрубонхонумро қабул накунад, зеро зан асту бо зан ҷанг кардан қадри мардро паст мекунад. Меҳрубонхонуми зирак ба сифати сафирҳо аз авлоди Хоҷа Аҳрор, Хоҷа Калон ва Хоҷа Абдушаҳидро интихоб кардааст. Бобур Хоҷа Аҳрорро пири худ ҳисоб мекард ва наметавонист пешвоз нагирад.
Бобур ҳамаи сафиронро гарм пазируфта, ба онҳо хилъатҳои фохира ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо ҳадя мекунад. Ба ғайри ин Бобур дар ёд дошт, ки падари Меҳрубонхонум ҳокими замини Сирдарё амир Бурундуқ бо Шайбонихон меҷангид. Шайбонихон роҳи ҳиларо пеш гирифт ва духтари ӯро ба писари худ келин кард.
Аз он ки соли 1519 Бобур ба Самарқанд ба номи Пӯлодсултон девони ғазалиёти худро тӯҳфа фиристодааст, гувоҳӣ медиҳад, ки Бобур ба Пӯлодсултон ва модари ӯ – Меҳрубонхонум муносибати самимӣ доштааст. Яъне кина надоштааст.
Аз рӯи «Вақфнома»-е, ки Меҳрубонхонум тартиб додааст, муҳаққиқон ба чунин хулоса омадаанд, ки ӯ дар рӯ ба рӯи Чорсу, ҷои кинотеатри собиқи ба номи Навоӣ иморатҳои зеринро сохтааст:

Як қисми сохтмонаш ба анҷом нарасидаи Мадрасаи Олияи Хония. 2. Мадрасаи Шимолия. 3. Пештоқи равоқи дарвозае, ки Мадрасаи Олияро бо Мадрасаи Шимолия пайваст карда буд. 4. Суфа-­мақбараи мармарии шайбониён ва айвони болои он. 5. Ҳаккокии катибаи сангҳои рӯи қабрҳо.
Аз матни вақфнома маълум мегардад, ки Меҳрубонхонум дар ин мадрасаҳо китобхона ва масҷид низ созонда будааст. Зеро барои фаъолияти онҳо аз дӯкону заминҳои вақф маблағи муайяне фармудааст.
Дар вақфномаҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ ба ибораи «вақфи мадрасаи Мир Бурундуқ» дучор мешавем. Эҳтимол номи падари Меҳрубонхонум аст, агар ин тавр бошад, барои Меҳрубонхонум мадрасасозӣ анъанаи оилавист.
Эҳтимол шахсоне пайдо шаванду бигӯянд, ки «ҳамин ҳам гап шуд? Дар Самарқанд мадрасаву масҷид сохтагиҳо магар кам буданд?».
Ҳама гап дар сари он ки Қӯшмадрасаи Меҳрубонхонум ба мисли мадраса­ҳои Регистон ансамбл, яъне маҷмӯа буд. Меҳрубонхонум дар бомпӯшии он тиллоро дареғ надошта буд. Кошинҳои девораш зарҳал доштанд ва дар нури офтоб ҷилояш чашми ҳар як бинандаро хира мекард.
Дар бораи тоқе (ровоқе), ки ҳар ду мадрасаро мепайвандад, дар «Вақфнома» навишта шудааст, ки «аз шаъшааи тилло ва лоҷуварди ӯ анвори беҳҷатосор ба дару девори он буқъа тобад». Яъне на танҳо дар ороиши гунбазҳо, манорҳои бурҷӣ ва дару девори ҳар ду мадраса, балки дар ороиши тоқе, ки ҳар ду мад­расаро бо ҳам пайванд дода будааст, тиллоро ба кор бурдаанд.

Аз ин иқтибосе, ки овардем, хонанда худ пай бурдагист, ки «Вақфнома»-и Меҳрубонхонум ба забони китобии тоҷикӣ ба услуби насри мусаҷҷаъ навишта шудааст, ки аз шахси босаводи замони худ будани Меҳрубонхонум гувоҳӣ медиҳад. Ва мақоми баланди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии ҳуҷҷатнигорӣ, яъне давлатӣ. Агар Меҳрубонхонум танҳо забони тоҷикии омиёнаи самарқандиёнро медонисту таҳсили мадрасаро намедид, забони ин вақфномаро, ки дар он сухан аз забони ӯ меравад, намефаҳмид. Нусхаи форсии ин вақфнома ва тарҷумаи русии он дар рисолаи илмии Р. Мукминова «К истории аграрных отношений в Узбекистане XVI в.» По материалам «Вакф-­наме» (Тошканд, нашриёти «Фан», 1966) оварда шудааст ва камина ин маълумот ва иқтибосро аз ин китоб гирифтам.
Ба қавли шоҳидони дигар низ акси нурҳои офтоб аз ин мадрасаҳо бархоста биноҳои атрофро нурафшон мекарданд. Маълум, ки ин иморатҳо аз биноҳои зеботарини таърихии Самарқанд будаанд. Илова бар ин бо фармоиши Меҳрубонхонум Мадрасаи Шимолия дар шакли аҳром (пирамидаҳои Миср) сохта шуда будааст, ки дар санъати меъмории Самарқанд навоварӣ ҳисоб мешавад. Барои таъмиру тармими иморатҳо ин мадрасаҳо, таъмини маоши мударрисону муллобачаҳо Меҳрубонхонум он қадар замину дӯкону ҷувозу ҳаммомҳоро ба вақф мубаддал кардааст, ки вақфномаи ӯ шакли як китоби калонро гирифтааст. Танҳо аз тумани Шавдор (ноҳияҳои ҳозираи Тайлоқ ва Ургут) 144 қитъа замини корами калон ба вақфи Қӯшмадраса (Мадрасаи Олияи Хония ва Мадрасаи Шимолия) дода шудаанд. Аммо баъди вафоти Меҳрубонхонум мутаваллиҳои беинсоф маблағҳои аз вақфҳо омадаро дуздида як дирам ҳам ба таъмири мадрасаҳо сарф накардаанд.
Суратҳои пештоқи яке аз мадрасаҳо ва нақшаи як мадрасаи Қӯшмадраса – мадрасаи Олияи Хония аз ҷониби олимони рус соли 1871 кашида шудааст. Аммо дар аввали асри ХХ ин як мадраса ҳам аллакай вуҷуд надошт.
Дар асри XIX Суфа – мақбараи шайбониён (самарқандиён «Дахма» мегуфтанд) ба сабаби сохтмони роҳи нав ба ҷои дигар кӯчонида мешавад, ки мӯйсафедҳои Самарқанд дар хотир доранд – ба ҳавлии Хонаи Муаллимон (Дом учителей). Дертар аз он ҷо низ ба паҳлӯи Мадрасаи Тиллокорӣ кӯчондаанд. Гӯри Шайбониён саргардон шудааст. Ҳоло номи бисёре аз ҳокимони шайбонӣ дар ёди касе нест.
Аммо номи Меҳрубонхонумро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, ки бо Бобур алоқаҳои дӯстиву дипломатӣ барқарор карду барои Самарқанд Қӯшмадрасаи олиҷанобе сохт, дар таърих ба некӣ ёд хоҳанд кард.
Малика Меҳрубонхонум душманиро байни ҳукуматдорони шайбонӣ ва хонаводаи хоҷаҳои аҳрорӣ барҳам дод. Азбаски хоҷаҳои аҳрорӣ пири муршиди шоҳзодаҳои темурӣ буданд, ба таъқиби сахти шайбониҳо дучор шуда буданд. Муҳаммад Шайбонихон вориси Хоҷа Аҳрор-­сарвари хоҷаҳои аҳрорӣ Хоҷа Муҳаммади Яҳёро бо фарзандонаш қатл карда худ умри дароз надид. хоҷаҳои аҳрориро боз ба корҳои давлатӣ ҷалб кардани Меҳрубонхонум аз он маълум аст, ки ду нафари ин хоҷаҳо ҳамчун намояндаи ҳукумати Самарқанд ба дарбори Бобур ба Ҳиндустон фиристода мешаванд. Ба сабаби сиёсати сулҳҷӯёнаи Меҳрубонхонум Бобур ва фарзандони ӯ имкон пайдо карданд, ки барои таъмиру тармими ёдгориҳои меъмории темурӣ маблағҳои калон ҷудо кунанд ва ба Самарқанд фиристанд.
Меҳрубонхонум васият карда будааст, ки ӯро дар Дахмаи Шайбониён (Суфаи маълуми мармарӣ) дар поёни пои шавҳараш гӯронанд. Аммо аз ин даҳма тахтасангеро, ки дар катибааш номи Меҳрубонхонум (Меҳр Султонхонум) бошад, пайдо накардаанд.
Охирин маълумот дар бораи Қӯшмадраса дар китоби «Самария»-и Абӯтоҳирхоҷа дучор мешавад. Ин асар солҳои 1835–48 навишта шудааст, Абӯтоҳирхоҷа дар бораи танҳо як мадраса – Мадрасаи Олияи Хония сухан рондааст, яъне дар вақти навишта шудани «Самария» аз Мадрасаи Шимолияи Қӯшмадраса нишоне намонда будааст. Абӯтоҳирхоҷа навиштааст: «Дар вақти харобии вилояти Самарқанд ин мадраса хароб ва абтар шуд». Муаллиф аз ҷониби қазоқҳо солҳои 1722–30 тороҷ ва вайрон шудани Самарқандро дар назар дорад, ки на танҳо дар дохили шаҳр, балки дар деҳоти атрофи он ягон нафар одами зинда намонда буд. Сипас Абӯтоҳирхоҷа хабар додааст, ки Амири Масъум (Амири Бухоро Шоҳмурод) ин мадрасаро таъмир ва вақфҳои онро ҷорӣ кунонд, «Ҳоло маҳалли тадрис (дарс) ва ҷои истиқомати аҳли илм аст» – таъкид кардааст муаллифи «Самария».
Дар охир чун ҳусни хотима аз шеърҳои зиёди тоҷикӣ, ки дар «Вақфнома»-и мазкур истифода шудаанд, чанд мисраъ иқтибос мекунем, то ки хонандагон аз завқи баланди шеърфаҳмию адабиётдӯстии Меҳрубонхонум огоҳ бошанд, ки дар васфи ҳар ду мадраса аст:

Ду мавзеъ дилпазир чун орази дӯст,
Ду мавзеъ аз хушӣ чун чеҳраи ёр.
Якеро саъд гардун карда маъмур,
Якеро бахти маймун буда меъмор.


Зи давлатҳо расад гӯйи башорат,
Ки шоҳонро шавад майли иморат.
Имороте, ки дар офоқ бошад,
Чунон беҳ к-­аз латофат тоқ бошад.
Чу анвори қамар аз рӯшноӣ,
Чу айвони фалак дар дерпоӣ.
Мураввеҳ буқъаҳо, фаррух биноҳо,
Ки гӯяд ақли кул онро саноҳо.
Ки аз ҳар буқъаи фирдавсмонанд,
Фузун шуд равнақи мулки Самарқанд.

Ин ҷо буқъа ба маънои ҷой, маймун ба маънои табаррук, мураввеҳ ба маънои рӯҳафзо омадааст.

Аз китоби «Армуғон»
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ