Мақсад аз вохӯрӣ бо ҷавонон дар чист?

Рӯзи 3-юми декабр дар мактаби таълими умумии рақами 10-и маҳаллаи Ҷарқишлоқ ва мактаби таълими умумии рақами 151-и маҳаллаи Қайроқлии ноҳияи Ургут вохӯрии ҳокими вилоят Э. Турдимов ва ҷавонон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ зикр гашт, ки мақсад аз гузаронидани вохӯрӣ таъмини иҷрои барнома доир ба татбиқи сохтори нави кор бо ҷавонон дар солҳои 2020–2021, саривақтӣ ҳал кардани муаммоҳои ҷавонон, таъмини шуғли онҳо ва ба соҳаи тадбиркорӣ ҷалб кардани ҷавонмардони бекор мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ қариб 120 нафар ҷавонон аз рӯйи зиёда аз 30 масъала ва мушкилоти хеш муроҷиат карданд.
– Дар маҳаллаамон барои 125 нафар бача кӯдакистони «Се бародарони далер»-ро сохтем, – гуфт сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳия Фазилат Алиқулова. – Аз бонк 1 миллиарду 250 миллион сӯм кредит гирифта, корҳои бунёдкориро ба анҷом расондем. Акнун барои таъмир ва таҷҳизонидани боғча боз беш аз 1 миллиард маблағ лозим аст. Доир ба ҳамин масъала аз ҳокими вилоят ёрӣ пурсидам. Ба мутасаддиён супориш доданд, ки мушкилоти ман зуд ҳал карда шавад.
– Аз овони кӯдакиям ҳамроҳи модарам зиндагӣ мекунам, – гуфт сокини маҳаллаи Ҷарқишлоқ Ҷаҳонгир Бекмуродов. – То соли 2016 дар хонаи бобои модариям зиндагӣ мекардем. Чор сол боз дар хонаи тағоям истиқомат дорем. Ба ҳокими вилоят аз рӯйи масъалаҳои барои бунёди хона ҷудо кардани замин ва бо кор таъмин намудан муроҷиат кардам. Ба масъулон супориш дода шуд, ки вазъи рӯзгорамонро омӯхта, чорабиниҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамаи муроҷиатҳоро омӯхта, ба мутасаддиён роҷеъ ба таъмини иҷрои онҳо супориш дода шуд.

Хизмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Ургут.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ