«Коррупсия – монеаи тараққиёт»

Парирӯз дар Садорати боҷхонаи вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия – 9-уми декабр ба тарзи режими онлайн тадбири «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор гардид. Дар он вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, шаҳрванд ва тадбиркорон иштирок карданд. Тадбирро бо суханони муқаддимавӣ раиси Кумитаи давлатии боҷхонаи Ӯзбекистон, генерал-­майори хизмати боҷхона Муродҷон Азимов кушод. Ӯ ба иштирокдорон дар бораи чораву тадбирҳое, ки дар мақомоти боҷхона муборизаи бар зидди коррупсия бурда мешавад, батафсил ахборот дод. Сипас, директори Агентии мубориза бар зидди коррупсия Акмал Бурҳонов ба сухан баромада, роҷеъ ба корҳое, ки дар солҳои охир дар мамлакатамон баҳри пешгирии коррупсия мубориза бар ва зидди он бурда мешавад, ислоҳотҳои васеъмиқёси дар соҳа давом дода истода, қатъ кардани омилҳои коррупсиогенӣ дар тамоми соҳаҳои сохтмонии давлат ва ҷамъият нигаронидашуда ҳарф зад. Дар тадбир лавҳаи видеоӣ аз рӯйи корҳои дар мақомоти боҷхона амалигардидаистода намоиш дода шуд.
Баъди ба поён расидани тадбир сардори Садорати боҷхонаи вилоят, полковники хизмати боҷхона Яқуб Мирзораҳимов ба иштирокдорон дар бораи корҳое, ки дар садорат амалӣ мегарданд, маълумот дод.
Дар Садорати боҷхонаи вилоят дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби шӯъбаи мубориза бар зидди коррупсия ва бехавфии худии садорат аз рӯйи мавзӯи коррупсия дар иштироки таркиб 45 маротиба маърӯза шунавонида шуд. Бо ходимон бошад, 34 маротиба сӯҳбатҳои индивидуалӣ баргузор шудааст. Дар моҳҳои гузашта нисбати 19 ходим чораҳои ҷазои интизомӣ дида шудаанд. Ба ғайр аз ин, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии тадбиркорон ва шахсони ҷисмонӣ ва бартараф кардани муаммоҳои онҳо рақами кӯтоҳи Кумитаи давлатии боҷхона 11–08 ва «Телефони боварӣ»-и садорат (66) 233–63–00 бемаъмоният кор мекунанд. Бо воситаи «Телефони боварӣ» аз рӯйи ҳаракатҳои ходимони боҷхона 4 маротиба муроҷиат расидааст. Муроҷиатҳо саривақт дида ва бартараф карда шуданд.
Президентамон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи ба Олий Маҷлис кардааш таъкид намуд: «Иллати коррупсия бо намудҳои гуногуни худ ба тараққиётамон монеъ мешавад».
Дар ҳақиқат, коррупсия ба устувории демократия ва ҳуқуқ зарар расонда, ба вайроншавии ҳуқуқҳои инсон оварда мерасонад, ривоҷи иқтисодиро аз роҳ мебарорад, барои ривоҷи ҷамъият ва давлат хавфнок ҳисобида мешавад. Коррупсияро монеаи ривоҷёбӣ медонанд.
Дар мақомоти боҷхона дар бобати бурдани мубориза бар зидди иллати мазкур дар ҳар як ходим тадбирҳои ба ташаккули дониш, инчунин, имон-­эътиқод, ҳалолӣ барин сифат ва ҳиссиётҳо амалӣ мегарданд.
Дар поёни тадбир мутахассисон ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ