Аҳамияти либоспӯшӣ

Бо зарурате ба бозори либосворӣ рафтам. Дар дохили яке аз дӯконҳо гуфтушуниди ҷавонзане бо ҳамроҳаш ба гӯшам расид.
– Ба фарзанди хурдиам ҳеҷ чиз нагирам ҳам мешавад. Ҳоло ӯ – хонашин. Калониам ба кӯдакистон меравад. Ба калониам либосҳои қимматбаҳои замонавӣ гирифтанам лозим. Зеро ҳозир тарбиячиёни боғча ба сару либоси кӯдакон нигоҳ карда, бо ӯ муомилаву рафтор мекунанд, – гуфт ҷавонзан ба модараш.
– Ҳа, дуруст мегӯйӣ, бачем. Ба хурдиат кӯҳнаи акояшро пӯшонидан гирӣ ҳам мешавад. Ӯ ҳам ба боғча мерафтагӣ шавад, пас либосҳои наву қимматбаҳо мегирӣ. – гуфтаҳои духтарашро дастгирӣ кард модар.
Ин суханҳоро шунида, дар ҳайрат мондам. Наход чигунагии одамро либос муайян кунаду он ченаки муомила бо якдигар бошад. Чаро кӯдаке либоси хоксоронаву одие пӯшида бошад, тарбиячиён ӯро писанд накарда, ба вай дағалу дурушт муносибат мекунанд? Ва ё умуман ба ӯ эътиборе надода фақат бо бачаҳои либосҳои зебову қиматбаҳо дошта сару кор доранд? Чаро маданияти одамони мо ҳоло дар ҳамин ҳолат аст?
Ба қарибӣ яке аз шиносҳоям ҳангоми сӯҳбат гуфт:
– Фарзандҳоям ба воя мерасанд. Калониам духтар аст, бояд то синни шавҳарбароӣ иморату ҷоямонро боҳашамат карданамон лозим. Зеро хостгорҳо ба хонаву ҷой нигоҳ карда меоянд. Аз ҳамин сабаб, барои кор ба хориҷа рафтаниам. Барои ин бошад, аввал забон омӯхтан лозим будааст. Ҳоло ба хондан меравам. Аз ин кори ман як ҳамсояи камбағалам хабардор шуд. Ӯ низ хост ҳамроҳи ман ба хондан рафта, пас ба хориҷа равад. Ман якчанд маротиба ӯро ҳамроҳам бурдам. Ҳамсояам, ки хеле камбағал аст, ба дарс бо либосҳои одиву фасонаи кӯҳна мерафт. Аҳволи ӯро дида, дигар занҳои ҳамсабақамон аз болои ӯ механдиданд. Одам камбағал нашавад будааст. Камбағал бошад ҳам, бояд либоси нағз пӯшад. Акнун ман барои бо ӯ ҳамроҳ рафтану ӯро ҳамсояам гуфтан шарм медорам. Ҳар рӯз бо баҳонаҳое аз ӯ пештар ва ё оқибтар мераваму бо каси дигар ҳампаҳлӯ мешинам. – гуфту гӯё кори олиҷаноберо карда истода бошад қоҳ – қоҳзанон хандид ва илова кард: – Пештар одамҳоро ба касбу кору мансабашон нигоҳ карда, дар маъракаҳо аз пешгоҳ шинонанд, ҳоло ба нарху намуди либосашон нигоҳ карда, меҳмононро дар маъракаҳо қабул мекунанд.
Аввал аз доштани чунин шинос дар хиҷолат мондам. Баъдан ба ӯ «Пеш аз бой шуда, иморати боҳашамат сохтан «аввал дар оинаи маънавият ба худ нигоҳ кунед!» гуфтанӣ шудам. Боз худдорӣ кардам. Зеро, бузургони гузаштаамон барои тарбияи инсонҳо ҳазорҳо адад асарҳои бебаҳоеро таълиф кардаанд, ҳатто худашон намунаи ибрат ҳам нишон додаанд. Оё мо аз онҳо ибрат намегирем?
Шумо дар ин бора чӣ андеша доред, муштариёни азизи рӯзнома?

Маликаи БАХТИЁР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ