Муҳити хуби хонаводагӣ – асоси пешгирии ҳолатҳои рӯҳӣ

Суитсид – худкушӣ ё ба ҷони худ қасд кардан торафт хусусияти глобалӣ гирифта, соле қариб як миллион нафар одам дар дунё ба ҳаёти худ нуқта мегузоранд. Дар даҳ соли оянда шумораи онҳо дар байни бачагони 10–14-сола боз ҳам меафзояд. Мо дар ин хусус бо духтури психиатри шифохонаи бемориҳои рӯҳии вилоят, сарсуитсидологи Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд Алимардон ХУДОЙНАЗАРОВ сӯҳбат кардем.
– Рости гапро гӯем, худкушӣ аз қадим буд ва ҳоло ҳам давом дорад. Сабабҳои ин амали нохуб дар чист?
– Ҳолатҳои ба ҷони худ қасд кардан на танҳо дар байни калонсол ё миёнсолон, ҳатто дар байни хурдсолон пайдо шуда истодаанд. Ин як вазъияте, ки беақлона, ба рӯҳият вобаста будани ҳолати инсонист. Ин ҳолат асосан дар байни одамоне, ки дар ҳаёт азобу ҷабр дидаанд, дар вазъияти ниҳоят мураккаб қарор доранд, ба амал омаданашон мумкин аст. Лекин баъзе одамони ҳаёташон тинҷ, бачаҳо ва наврасон ҳам ба ҷонашон қасд мекунанд. Вақтҳои охир инро ба ген – ирсият ҳам вобаста медонанд. Масалан, дар аҷдодашон ягон кас ба худкушӣ даст зада бошад, ин амалро ака, ука, фарзанд, ҷиян ё набераашон такрор карданашон мумкин аст. Сонӣ, давраи гузариш, ки мо инро гупертат меномем, дар байни наврасон фони гармоналӣ – ҳолатҳои дар духтарон қаҳролудӣ, аз худ қонеъ нашудан, норозигӣ аз падару модарон пайдо мегардад. Дар байни писарон ҳам ҳангоми ба балоғатрасӣ бо падару модарон ҳолатҳои нодурустфаҳмӣ ба миён омада, барои чизҳои ноарзанда ба ҷони худ қасд кардан мушоҳида мегардад.
– Худкушӣ ба хелҳо ҳам тақсим мешаванд?
– Ҳа. Сӯйиқасд ба ҷони худ ду хел мешавад: сӯйиқасди ҳақиқӣ ва сохта. Ба ҷони худ қасд кардани ҳақиқӣ – як амали ба реҷа даровардашудаи пухта буда, инро ба ҳеҷ кас нагуфта ва нафаҳмонида, бо хешу таборон хайрухуш карда, агар бо онҳо ҷанҷолу хархаша карда бошад, бо мулоимӣ аз онҳо узр мепурсад, розигии онҳоро мегирад, чизҳое, ки худаш дӯст медорад, ба ёру бародарон, дӯстонаш ё хешу таборонаш медиҳад. Ё пулҳояшро тақсим карда, аз хона баромада меравад ва ба ҷони худ қасд мекунад.
Хели дуввумашро суитсиди сохта, ё парасуитсид меноманд. Ин хели худкушӣ бештар хоси наврасон ва духтарону занҳо буда, дар ин хел вақтҳо онҳо диққати атрофиёнро ба худ ҷалб сохта, эркатулфорӣ ё маликаи хонадон шудан мехоҳанд. Дар ин хел ҳолатҳо раги дастонашонро мебурранд ва ё дар шароити имрӯза сиркову таблеткаҳо мехӯранд.
– Боз кадом муаммоҳо боиси худкушӣ мегарданд?
– Вақтҳои охир сӯйиқасд ба ҷони худ дар натиҷаи таъсири бисёр нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ба амал меоянд. Инчунин, баъзеҳо, ки муддати дароз дучори бемориҳо, масалан, касалиҳои саратон, СПИД, ё туберкулёзанд, аз азобҳои сахти беморӣ аз ҷонашон сер шуда, ба ҷони худ қасд мекунанд. Боз инро дар изолятсияи иҷтимоӣ, яъне дар ҳабсхонаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ё бекасӣ, танҳоӣ дар оила, ҳангоми ҷудошавии зану шавҳар бепарастор мондани фарзандон. Дар вақти вафоти модар зани дигар гирифтани мард ва муросо накардани бача бо модари ӯгай ба ҷони худ қасд ё сӯйиқасд кардан ҳам ба мушоҳида мерасанд. Боз яке аз сабабҳои худкушии одамон касалиҳои рӯҳист. Инро дар байни халқ касалии васвос мегӯянд. Вақтҳои охир сабабҳои худкушӯ репрессия ҳам шуда истодааст. Репрессия – ин дилсардӣ аз зиндагӣ, надоштани ягон хел шавқмандӣ, дилхунукӣ аз ҳаёт аст.
– Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам сабаби худкушии бачаҳо мешаванд?
– Ҳа, ҳозир бачаҳо ба воситаи интернет ба ҳар хел сайтҳо медароянд. Ба ин хел бозиҳо шавқу ҳаваси ҷавонон, наврасон калон аст. Ҳозир дар ҳар хонадон телефон ҳаст. Бачаҳо ба воситаи онҳо ба интернет медароянд.
Дар интернет 50 фоизи мавод хуб бошад, 50 фоизи дигараш ба тафаккури бачаҳо таъсири бад мерасонад. Дар бозиҳо ҳангоми задухӯрд ягон нафари ҷанговарон мурад, онро боз барқарор кардан мумкин аст, вале дар ҳаёт ин хел не. Инро бачаҳо ҳанӯз дуруст дарк намекунанд.
Хусусияти бачаҳо ҳамин хел аст, ки як корро «накун» гӯед, барои кардан ҳаракат мекунанд. Ягон хел «меваро нахӯр, он ба ту зарар дорад» гӯед, вай таъми ҳамонро чашида диданӣ мешавад. Интернет ҳам ҳамин хел.
– Аз гуфтаҳои шумо бармеояд, ки нофаҳмӣ ва муноқишаҳои оилавӣ ҳам боиси воқеаҳои бадбахтона мешаванд?
– Дар оила байни падару модар ва фарзандон муносибати дӯстонаро ташкил кардан даркор аст. Ба пеши мо бачаҳо меоянд. Онҳо мегӯянд, ки ман лидер шудан мехоҳам, телефон доштан мехоҳам. Барои чӣ гуфта пурсем, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки ман аз мактаб меоям, ҳеҷ кас ба ман эътибор намедиҳад. Ба пеши модарам равам, он кас сериал тамошо мекунанд. Аз пеши телевизор пеш карда, «рав халал нарасон» мегӯянд. Падарам бо телефонбозӣ машғул. Ман чӣ кор карданам даркор аст?
– Умуман гирем, роҳи пешгирии худкушӣ ҳаст?
– Ин пеш аз ҳама, ба беҳсозии муҳити хонавода вобаста мебошад. Мо падару модарон ба фарзандонамон, махсусан, бо бачаҳои 14–15-солаамон меҳрубон шавем. Хатои асосии падару модарон бо фарзандон муносибати дурусте барқарор накардан аст. Сониян, дар мо вазъияти гиҷҷавӣ ба амал меояд. Дар бачае, ки гиҷҷа ҳаст, гиҷҷа аз худ моддаҳои токсинӣ ҷудо мекунад. Токсин ба ҳолати рӯҳии бача таъсир мерасонад. Боз ҳангоми санҷишҳо маълум мешавад, ки дар бачаҳо норасоии йод мушоҳида карда мешавад. Норасоии йод ба инкишофи ҳамаҷонибаи бача монеъ мегардад, дар натиҷа вай худро аз ҳамсолони худ кам ҳис мекунад, дарсазхудкуниаш суст мешавад. Ҳамаи инҳо ба ҳолати рӯҳии бача таъсир расонида, худро одами нодаркор меҳисобад.
Дар ин бобат танҳо соҳаи иҷтимоӣ не, балки ҷиҳатҳои тиббиашро ҳам ба назар гирифтан лозим аст. Дар ин бобат психологҳо фаъолона кор кунанд. Тан гирифтанамон даркор аст, ки мо ба ин ҷиҳати масъала кам аҳамият медиҳем. Ба ягон кас «ба психолог муроҷиат кунед» гуфта, тавсия диҳем, аксарият меранҷанд. Орият мекунанд, ки бачаи ман ҷинӣ нест. Ҳатто вақтҳое ҳам шудааст, ки баъди тавсия «боз бо ҳамин хел гап ба назди мо оед, зада мекушам!» гуфтани одамонро шунидем. Лекин бештар ба назди фолбину мулло мебаранд.
Фарзандро аз даст додан осон нест. Барои калон кардан чӣ қадар одам азоб мекашад, инро ҳама нағз медонад. Баъди бой додани фарзанд ин барояшон як зарбаи сахте мешавад. Онҳо худро коҳиш мекунанд, айби худро тан гирифта, аз гапи сахти гуфташон, сарзаниш карданашон ва ё заданашон сахт пушаймон мешаванд.
– Ҳолатҳое мешавад, ки шумо пеши сӯйиқасдро гирифта бошед?
– Ин як муаммои калон. Бо вуҷуди кӯшишу ҳаракати мо агар ин сӯйиқасди ҳақиқӣ бошад, он одам ҳатман ин корро бо роҳҳои гуногун дар амал иҷро мекунад.
Дар бораи аниқ кардан ва ё донистани ҳолати суитсид ҳанӯз ягон хел тест нест, психологҳо ҳам роҳи мушаххасеро кор карда набаромадаанд. Чунки ба ин кор одамҳои ҳаёташон тинҷу осоишта, ҳатто дороён ҳам даст мезананд.
Аз рӯйи таҷриба аниқ мешавад, ки ҳар чӣ қадар мо оиди ин масъала гап зада, «ба ин кор даст назанед» гӯем, баръакси он шавқмандӣ ба ин амал зиёд мешавад. Бинобар ҳамин, муҳити оилавиро беҳтар созем. Дар ин бобат марказҳои оила, имом-­хатибҳо ва дигарон оиди зиндагӣ, ширинии ҳаёт ва дар оянда ба корҳои бузург ҳисса гузоштан гап зананд, беҳтар аст.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ