«Пайроҳаҳои саломатӣ» ташкил мегардад

Акнун барои роҳгардӣ ва велоспорт, ки дар кӯчаҳои марказӣ ва объектҳои туристии марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд гузаронида мешаванд, «Пайроҳаҳои саломатӣ» ташкил мегарданд. Дар ин бора лойиҳа кор карда баромада, то охири соли 2021 амалӣ намудани он ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лойиҳа бо роҳи васеъгардонӣ барои навсозии пайроҳаи пиёдагардон, ҳаракати бехавф ва бемамонияти пиёдагардони синну солашон гуногун, инчунин велосипедсаворон шароит ба вуҷуд оварда мешавад.
– Корҳои мазкур бо мақсади аҳолии вилоятамонро ба корҳои солимгардонӣ равона кардан, инчунин ба таври доимӣ бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул гардидани онҳо амалӣ карда мешаванд, – гуфт сардори Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят Ш. Рӯзиев. – Ба ғайр аз пайроҳаҳои роҳгардии замонавӣ ва велоспорт, соли оянда майдончаҳое, ки дар худашон стритбол, бадминтон, барин намудҳои варзишро муҷассам намудаанд, ташкил карда мешаванд. Барои мисол, дар кӯчаҳои ба номи Орзу Маҳмудов, Шоҳрух Мирзо, Амир Темур, инчунин Хиёбони университет дар масофаи 36,5 километр ҳамин гуна пайроҳаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд.
Дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пиёда ва бо велосипед гаштан дар масофаи 104,84 километр «Пайроҳаҳои велосипед» ташкил карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар миқёси вилоят 56-то майдонча барои Workout, 33-то барои стритбол, 32-то барои бадминтон, инчунин 60-то варзишгоҳи мини футбол барпо мегардад.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ