Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар Олмон бепул ва ихтиёрӣ мешавад


Оливер Эвалд, намояндаи маркази матбуотии вазорати ҳифзи тандурустии Олмон гуфт, ки эмкунӣ бар зидди коронавирус дар ин кишвар бепул ва ихтиёрӣ ба роҳ андохта мешавад.
Эвалд дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфт, ки барои эмкунии бепул бар зидди коронавирус суғуртаи тиббӣ низ шарт нест.
Ҳамчунин, Штеффен Зайберт, намояндаи ҳукумати Олмон афзуд, ки эмкунӣ ихтиёрӣ буда, касеро ба он маҷбур намекунанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш ҳукумати Британияи Кабир эълон кард, ки аз ҳафтаи оянда эмкунии аҳолӣ оғоз мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ