Санҷиши тиббӣ дар ноҳияи Нуробод

Аҳолии ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Чорводор» ва «Ҳазормали», ки аз маркази Нуробод 45 км дуртар ҷойгиранд, аз санҷиши тиббӣ гузаштанд.
Дар санҷиши мазкур, ки ба шаклдиҳии тарзи ҳаёти солимонаи аҳолӣ нигаронида шудааст, гурӯҳи мутахассисони соҳаи иборат аз 13 нафар, мутахассисони соҳибмалакаи муассисаҳои муолиҷавӣ-­профилактикии вилоят, инчунин устодони Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд иштирок доштанд.
Санҷиши тиббӣ дар нуқтаи шифокории деҳоти «Олға»-и ҳудуд ташкил гардида, дар давоми рӯз ҳазор нафар шаҳрванд аз назорати тиббӣ гузаронида шуданд. Дар он, дар 235 нафар шаҳрванд бемориҳои мухталиф аниқ гардид. Бо мақсади бартарафсозии бемориҳои аниқгардида ба 205 нафар шаҳрванд муолиҷаи амбулаторӣ тавсия карда шуда, 25 нафар шаҳрванд ба муассисаҳои муолиҷавӣ-­профилактикӣ, 5 нафар ба санаторияҳо роҳхат гирифтанд.

Хизмати ахбори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ