Озарбойҷон дар бораи талафоти худ дар ҷанги Қаробоғ маълумот дод


Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар бораи талафоти кишвар дар ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ маълумот дод.
Бино ба маълумот, аз 27 сентябр то 10 ноябр 2783 нафар сарбози Озарбойҷон қурбони ҷанг шуданд. Дар ин муддат беш аз 100 нафар сарбози озарӣ бе ному нишон гум шуданд. Ҳамчунин, 1245 нафар сарбози ин кишвар дар ҷанг захмӣ шуданд.
Чанде пеш вазорати мудофиаи Арманистон низ дар бораи талафоти худ дар ҷанг маълумот дода буд. Арманистон дар ҷанг 2660 нафар сарбози худро аз даст додааст. Арсен Торосян, вазири ҳифзи тандурустии Арманистон гуфт, ки эҳтимоли афзоиш ёфтани ин шумор вуҷуд дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ