Озарбойҷон рӯзи 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ ва ғалаба бар Арманистон эълон кард

Озарбойҷон рӯзи 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ ва ғалаба бар Арманистон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард.
Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом кард аз ин пас ба муносибати пирӯзии ин кишвар бар Арманистон, дар рӯзи 10 ноябр дар Майдони озодии пойтахти Боку ҳар сол ҷашн ва режа баргузор хоҳад шуд.
Раисҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин 27 сентябр рӯзи оғози амалиёти артиши ин кишвар барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои арманӣ дар минтақаи Қарабоғро рӯзи гиромидошти ёди шаҳидон номид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ