Дар Кореяи Шимолӣ марде, ки ба қоидаи карантин риоя накард, дар назди одамон қатл шуд


Дар Кореяи Шимолӣ як марди 50-сола, ки ба “қоидаҳои карантини фавқулодда” риоя накард, пеши назари одамон қатл шуд.
Бино ба хабари «Korrespondent.net», мақсад аз қатли ин мард тарсондани аҳолӣ ва ба карантини қатъӣ риоя кунондани онҳо буд.
То ҳол дар Кореяи Шимолӣ ягон ҳолати расмии мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Бо вуҷуди ин, дар ин кишвар “чораҳои болосатҳи карантини фавқулодда” эълон гардидааст.
Бар асоси хабари агентии RFА, ин мард аз Чин барои фурӯш ба сурати ноқонунӣ маҳсулот ворид кардааст ва ҳамзамон қоидаи карантинро вайрон кардааст. Низомиён ӯро рӯзи 28 ноябр дар назди одамон парондаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ