Қирғизистон қабули шаҳрвандони хориҷиро оғоз мекунад


Рӯзи 4 декабр ҳукумати Қирғизистон дар бораи боз кардани сарҳадҳои худ ба хориҷиён қарор қабул кард. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.
Ҳар хориҷие, ки ба Қирғизистон парвоз мекунад, бояд бо худ натиҷаи манфии тести ташхиси коронавирус дошта бошад. Муҳлати тест бояд камтар аз 72 соат бошад.
Кормандони тиббӣ ҳарорати бадани хориҷиёнро дар фурӯдгоҳ месанҷанд. Агар муҳлати тести ташхиси коронавирус бо сабаби ҷиддӣ сипарӣ шуда бошад, он гоҳ шаҳрванди хориҷӣ дар маҳалли фурӯд омадааш тест месупорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ