Дар Туркия заминларзаи шадид рух дод


Имрӯз, 5 декабр дар соҳилҳои вилояти Анталияи Туркия заминларза ба шиддати 5,3 дараҷа рух дод. Дар ин бора идораи назорати офатҳои табиӣ ва вазъиятҳои фавқулоддаи Туркия хабар дод.
Заминларза дар дигар шаҳрҳо низ эҳсос шудааст.
Дар бораи харобкориҳои офати табиӣ хабар дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ дар ғарби Туркия, дар баҳри Эгей заминларза ба шиддати 6,6 дараҷа рух дод. Дар натиҷаи ин заминларза дар Измир 41 бинои бисёрошёна вайрон шуд. 1041 бинои дигар низ осеб дид. 114 нафар қурбони ин ҳодисаи табиӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ