3 ширкати ҳавопаймоии Русия барои парвоз миёни шаҳрҳои ин кишвар ва Ӯзбекистон иҷозат гирифт


Агентии ҳавопаймоии шаҳрвандии Федератсияи Русия ба 3 ширкати ҳавопаймоӣ барои анҷоми парвозҳо миёни шаҳрҳои ин кишвар ва Ӯзбекистон иҷозат дод.
Бино ба хабари Qalampir.uz, акнун ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Северный ветер”, “ИрАэро” ва “Ред Вингс” акнун дар миёни Русия ва Ӯзбекистон парвоз хоҳанд кард.
Ширкати “Северный ветер” ҳафтае то 3 бор дар ин хатсайрҳо парвозҳоро анҷом медиҳад:
• Красноярск – Намангон
• Уфа – Намангон
• Уфа – Фарғона
• Краснодар – Фарғона
• Ростов-Дон – Фарғона
Ширкати “Ред Вингс” ҳафтае 3 бор дар миёни шаҳрҳои Екатеринбург ва Самарқанд хидматрасонӣ хоҳад кард.
Ширкати “ИрАэро” аз Маскав ва Нижневартовск ба Андиҷон парвозҳоро анҷом хоҳад дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ