Светлана Тихановская яке аз чеҳраҳои сиёсии соли 2020 эътироф шуд


Агентии Bloomberg Светлана Тихановская, номзади собиқ ба мақоми раисҷумҳурии Белорусро яке аз чеҳраҳои асосии сиёсии соли 2020 эълон кард.
Луис Лакале Поу, раисҷумҳури Уругвай барои паст будани омори сирояти коронавирус дар кишвараш ва Муҳаммад ибн Зайд Ол Ноҳайён, шаҳзодаи Абу Дабӣ барои барқарор кардани робитаҳо бо Исроил низ дар феҳристи чеҳраҳои сиёсии сол ҷой гирифтанд.
Ҳамчунин, Алисия Гарз, Патрис Каллорс ва Опал Томети барои роҳандозии ҷунбиши Black Lives Matter бо Тихановская, Луис Поу ва Ол Ноҳайён дар як саф ҷойгир шуданд.
Дар феҳристи махсуси Bloomberg ҳамагӣ 50 нафар ҷой гирифтаанд. Дигар нафарони феҳрист намояндагони соҳаҳои тадбиркорӣ, молия, илму фан ва саргармӣ (интертейнмент) мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ