Олимон бар зидди заҳри морон доруи арзон месозанд


Гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии Брайан Лозе, мутахассиси донишгоҳи Копенгаген бар зидди заҳри морон доруи нав месозанд. Ин дору арзону истифодааш осон аст. Дар ин бора маҷаллаи Journal of Medicinal Chemistry мақола навишт.
Бино ба маълумоти созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола то 139 ҳазор нафар баъди газидани мор кушта мешаванд. Шумори онҳое, ки баъди газидани мор ногиро мешаванд, се баробар бештар аст. Доруе, ки дар ҳоли ҳозир бар зидди заҳри мор истифода мегардад, ба далели мураккаб будани технологияҳои истеҳсоли он хеле қимат аст. Ба ин далел, дар баъзе кишварҳои камбағал, ки ҳодисаи газидани мор бисёр аст, ин дору дастрас нест.
Доруе, ки олимон ҳоло онро месозанд, омода кардани он дар ҳар гуна озмоишгоҳ бо харҷи кам мумкин аст. Ин дору тақрибан метавонад заҳри 75 дарсади морро дафъ кунад.
Ба гуфтаи Брайан Лозе, агар истеҳсоли ин дору ба онҳо муяссар гардад, он нисбат ба доруҳои мавҷуда хеле арзонтар хоҳад буд. Ҳамчунин, ин доруро дар ҷайби худ нигоҳ доштан ва дар ҳангоми зарурӣ дар ҳар куҷо истифода бурдан мумкин мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ