Парчами Чин дар рӯи Моҳ


“Чанъэ-5” – дастгоҳи махсуси моҳнавардӣ дар рӯи Моҳ парчами Чинро насб кард. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Парчаме, ки дар рӯи Моҳ насб шуд, ҳамагӣ 12 грамм вазн дорад ва аз моддаи махсус сохта шудааст. Дастгоҳи “Чанъэ-5” акси ин парчамро ба Замин фиристодааст ва аз хоки Моҳ барои омӯзиш намуна гирифтааст.
Дастгоҳи “Чанъэ-5” ҳоло моҳро тарк кардааст ва ба зудӣ ба киштии кайҳонӣ мепайвандад.
Ёдовар мешавем, “Чанъэ-5” рӯзи 24 ноябр бо ракетаи “Чанчжэн-5” ба коинот фиристода шуда буд. Ӯ рӯзи 16 декабр бо намуна аз хоки Моҳ ба Замин фурӯд меояд.
Қабл аз ин танҳо ИМА ва Иттиҳоди шӯравӣ тавонистаанд парчами худро дар Моҳ насб кунанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ