Дар натиҷаи оташбозӣ дар Тошканд чашми кӯдаки 10-сола сӯхт


Дар ноҳияи Юнусободи пойтахт чашми кӯдаки 10-сола дар натиҷаи оташбозӣ сӯхт.
Бино ба хабари шӯъбаи корҳои дохилии Тошканд, ин кӯдак рӯзи 3 декабр бо дӯстони худаш оташбозӣ кардааст. Дар натиҷаи таркидани “банг-банг” чашми кӯдак сӯхт.
Пеш аз соли нав фурӯши воситаҳои пиротехникӣ мисли ҳарсола авҷ мегирад. Мутаассифона, бо вуҷуди кӯшишу амалиёти пешгирии хариду фурӯши онҳо, гоҳо ин воситаҳо ба дасти кӯдакон мерасад, ва чунин ҳодисаҳо низ рух медиҳанд. Беэътибории калонсолон боиси осеб дидану гоҳо ҳатто барои як умр ногиро шудани кӯдакон мегардад.
Кӯдакони худро беназорат нагузоред!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ