Ба собиқ президенти ФИФА ташхиси коронавирус гузошта шуд

Президенти собиқи ФИФА Йозеф Блаттер ташхиси коронавирус дорад. Дар ин бора The Athletic хабар медиҳад.

Ба гуфтаи президенти собиқ, ӯ ба коронавирус сироят ёфта, 14 рӯз дар карантин буд.

«Ман зуком ва ҳарорати баланд доштам. Танҳо як шаб худро бад ҳис кардам. Дар тӯли ду ҳафта ягон нишона ҳис карда нашуд. Ҳоло худамро хуб ҳис мекунам” — мегӯяд ӯ.

Барои маълумот, Блаттер аз соли 1998 то 2015 Федератсияи байналмилалии футболро роҳбарӣ мекард ва пас аз моҷарои коррупсионӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Охири моҳи октябр ба президенти феълии ФИФА Ҷанни Инфантино ҳам ташхиси коронавирус гузошта шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ