Эрон тасдиқ кард, ки барои куштани Фахризода аслиҳаро тавассути моҳвора ба кор андохтаанд


Рамазон Шариф, намояндаи расмии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тасдиқ кард, ки барои куштани Муҳсин Фахризода, олими ҳастаӣ (ядроӣ) абзори электронии замонавӣ истифода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аслиҳаро тавассути моҳвора (спутник) ба кор андохтаанд.
Рамазон Шариф афзуд, “Исроилиён хуб мефаҳманд, ки амали онҳо бе ҷавоб нахоҳад монд”.
Ёдовар мешавем, Фахризода рӯзи 27 ноябр дар назди шаҳри Теҳрон аз сӯи шахсони номаълум кушта шуд. Ӯ корманди калони илмии вазорати мудофиа ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ