Кишварҳои арабӣ дар моҳи декабр бо Қатар оштӣ мекунанд


Дар нишасти кишварҳои Халиҷи Форс, ки дар моҳи равон баргузор мешавад, Қатар баъди буҳрони сесола бо дигар кишварҳои арабӣ оштӣ мекунад. Дар ин бора рӯзномаи Al Rai навиштааст.
Муаммоҳо, талабу шартҳои асосии миёни кишварҳоро кумитаҳои махсус баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, Арабистони Саъудӣ, АМА, Баҳрайн ва Миср тобистони соли 2017 робитаҳои дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд. Онҳо Қатарро ба дастгирии терроризм ва дахолат ба корҳои дохилиашон муттаҳам карданд. Баъди ин, кишварҳо аз муҳосира (блокада) намуданд ва бар зидди ӯ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Ҳамчунин, осмони худро барои ҳавопаймоҳои Қатар бастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ