Флойд Мейвейзер рӯзи 20 феврал бо рақиби нав рӯбарӯ мешавад


Рӯзи 20 феврали соли 2021 рақобати нави Флойд Мейвейзер, муштзани шикастнопазири амрикоӣ барпо мегардад. Дар ин бора Мейвейзер дар сафҳаи худ дар Инстаграм хабар дод.
Рақиби нави ӯ Логан Пол – блогери 25-солаи шабакаи Youtube мебошад. Ӯ дар канали худ дар Youtube беш аз 20 миллион обуначӣ дорад. Логан Пол, муштзани ҳаваскор буда, соли 2019 бори нахуст рақобати худро дар бокс баргузор кард. Дар ин муштзанӣ рақиби ӯ блогери дигар – КСИ буд. Логан дар рақобат мағлуб шуд.
Ҳанӯз маълум нест, ки кадом шаҳр мезбони ин шаби бокс хоҳад буд.
Флойд Мейвейзер бори охир соли 2018 бо Теншин Насукава, намояндаи 20-солаи UFC муштзанӣ карда ва ӯро дар раунди якум нокаут карда буд.
Мейвейзери 43-сола дар фаъолияти худ 50 бор вориди ринг шуда ва ҳамеша ғолиб шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ