Попи Рим аҳамияти Самарқандро барои дунёи Ғарб эътироф кард


Ҷаҳонгир Ғаниев, сафири Ӯзбекистон дар Ватикан рӯзи 4 декабр ба Поп Франсиск эътимодномаи худро тақдим кард. Дар ин бора “Регнум” хабар медиҳад.
Поп Франсиск дар мулоқот бо Ҷаҳонгир Ғаниев, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор шуд, дар бораи Самарқанд сухан ронд. Ӯ гуфт, ки Самарқанд ҳамчун маркази тафаккури фалсафиву динӣ ҳам барои Шарқ ва ҳам барои Ғарб аҳамияти бузург дорад.
Поп Франсиск ҳамчунин эҳтироми худро нисбат ба раисҷумҳури Ӯзбекистон изҳор кард ва гуфт, ки барои ӯ дуо мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ