Лондон омода аст ҷараёни “Брексит”-ро қатъ кунад


Борис Ҷонсон метавонад эълон кунад, ки дигар намехоҳад музокираҳои бенатиҷаи “Брексит”-ро идома диҳад. Дар ин бора рӯзномаи The Sun навиштааст.
Ба гуфтаи манбаъи рӯзнома, ҷараёни баррасии шартҳои робитаҳои минбаъдаи Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад, дар сурате, ки рӯзи 7 декабр тарафҳо ба тавофуқ нарасанд, “савол ба миён меояд, ки оё, идома додан мантиқе дорад”.
Манбаъ мегӯяд, “Мо намехоҳем ба шартҳои Иттиҳоди Аврупо, ки барои баргардондани контроли қоидаҳои зиндагии британиягиҳо ба мо роҳ намедиҳад, розӣ шавем. Ҳамааш фаҳмову осон аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ