ТАБРИКИ ИДОНА БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН

ТАБРИКИ ИДОНА БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо ҷашни бузург — 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон эҳтироми амиқ ва орзуҳои беҳтаринро изҳор мекунам.
Дӯстони азиз!
Ба муносибати пандемияи коронавирус соли равон, мутаассифона, мо наметавонем чорабиниҳои васеъмиқёси тантанавиро бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор намоем. Аммо бо вуҷуди ин, мо бо тамоми қалб шодмонӣ ва бузургии ин ҷашнро эҳсос мекунем. Он дар ҷамоаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо бо рӯҳбаландӣ таҷлил карда мешавад.
Чор сол қабл, мо ба қоида ва тамоюлҳои Конститутсия такя карда, Стратегияи ҳарақатҳоро қабул намудем ва ба татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси шадиди демократӣ шурӯъ кардем. Асоси ҳуқуқии онҳоро 7 тағйирот ба Конститутсия, 5 кодекс ва тақрибан 250 қонуни қабулшуда ташкил медиҳанд.
Дар муддати кӯтоҳи сипаришуда ҷомеаи мо, ҷаҳонбинии одамон аз ҷиҳати сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба куллӣ тағйир ёфт, ҳар як ҳамватан дар рушди кишвар саҳми сазовор мегузорад. Ҳамаи ин далели қудрати ҳаётбахшанда ва иқтидори бузурги Қонуни асосии мо мебошад.
Имрӯз халқи мо ба ин иқтидори азим такя намуда, озмоишҳои душворро мардонавор паси сар мекунад ва барои бунёди Ӯзбекистони нав – зиндагии озод, обод ва шукуфоии кишвар фидокорона меҳнат мекунад.
Имрӯзҳо ибораи «Ӯзбекистони нав» дар арсаи ҷаҳонӣ на танҳо ҳамчун мафҳуми нав, балки ҳамчун инъикоси рӯйдоди воқеӣ дарк карда мешавад.
Албатта, ин дастовардҳо, ки натиҷаи имкониятҳои васеи ҳуқуқии дар Конститутсияи мо пешбинишуда мебошанд, ба ҳамаи мо ҳисси ифтихори махсус мебахшад.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Дар асоси меъёри конститутсионии «Халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» дар кишвар низоми самарабахш ва устуворе ташаккул меёбад, ки волоияти Конститутсия ва қонунҳоро таъмин менамояд, ки дар он на мардум ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ ба халқ хидмат мекунанд.
Дар вазъи кунунии душвор, вақте ки ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, ин система дар асоси меъёрҳои Конститутсия худро дар паси сар намудани озмоишҳои гуногун ва мубориза бо таҳдидҳои нав, алалхусус пандемия, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ки дар вилоятҳои Бухоро ва Сирдарё рух додаанд, комилан сафед кард.
Дар кишвар ислоҳоти пайгирона ва бебозгашти демократӣ ҷиҳати таъмини тамоюлҳои демократия, адолати иҷтимоӣ ва инсонпарварӣ, ки ба тору пуди Конститутсия ворид шудааст, татбиқ карда мешаванд.
Пеш аз ҳама, тамоми имкониятҳо барои дастгирӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои ҳар як шахсе, ки Қонуни асосӣ барои гирифтани хидматрасониҳои тиббии баландихтисос ва таъмини ҳифзи иҷтимоии пурзӯри онҳо кафолат додааст, истифода мешаванд.
Дар давраи пандемия афзалият ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, кӯмак ба шаҳрвандоне, ки бекор мондаанд ва соҳибкорон дода мешавад. Фонди зиддибӯҳронӣ ташкил карда шуд, ки дар он 10 триллион сӯм маблағ ҷамъ оварда шудааст ва онҳо ба дастгирии молиявии низоми тандурустӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, аҳолӣ ва корхонаҳо равона карда шуданд.
Дар тӯли сол ба беш аз 500 ҳазор соҳибкорон ва беш аз 8 миллион шаҳрвандон ба маблағи тақрибан 34 триллион сӯм имтиёзҳо дода шуданд, барои афзоиши ҳаҷми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, кӯмаки моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи бо шуғлфарогирӣ 2,6 триллион сӯми иловагӣ ҷудо карда шуд.
Дар доираи Барномаи давлатии таъмини аҳолӣ бо манзили арзон, ки барои мо як мушкили шадиди иҷтимоӣ буд — танҳо дар соли ҷорӣ ба беш аз 13 ҳазор ҳамватанон калидҳои манзилҳои нав супорида шуданд.
Дар баробари ин, барои оилаҳое, ки дар офати табиӣ дар ноҳияи Сардоба зарар дидаанд, як шаҳраки зебо ва замонавӣ бо биноҳои бисёрқабата ва инфрасохтори иҷтимоӣ сохта шуд.
Инчунин, пардохти маблағҳои ибтидоӣ барои манзили беш аз 1000 нафар зане, ки дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор доранд, аз ҷумлаи корҳои нек аст.
Дар ҷараёни татбиқи сиёсати фаъоли гендерӣ кори босуръат оид ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоию сиёсии занон идома дорад.
Ҳамаи ин ба коҳиш додани таъсири манфии пандемия ва бӯҳрони иқтисодию иҷтимоии он, инчунин таҳкими эътимоди шаҳрвандони мо ба оянда мусоидат мекунад.
Ҳамватанони азиз!
Барои дар амал таъмин намудани тамоюли конститутсионии адолат корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Ҳамин тариқ, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ механизмҳои нави самарабахши дастгирии иҷтимоӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Мувофиқи натиҷаҳои хона ба хона гаштан, ки барои омӯзиши мушкилоти аҳолӣ гузаронида шудаанд, барои дастгирии зиёда аз 2,5 миллион аъзои беш аз 590 ҳазор оила 840 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Баъди омӯхтани талабот, мушкилоти ҳаётии занон ва ҷавонон дар ҳар як оила, аъзои қобили меҳнати қариб 300 ҳазор оила бо кор таъмин гардид.
Аз ҳама муҳимаш, одамон таҷриба ва малакаи раҳоӣ аз камбизоатиро аз ҳисоби соҳибкории мустақилона, корчаллонӣ ва тадбиркорӣ инкишоф медиҳанд.
Зуҳуроти дигари равшани инсонпарварӣ ин ҳаракати миллии «Саховат ва кӯмак» буд, ки дар шароити барои кишвар душвор аз ҷониби ҷомеаи тиҷоратӣ, соҳибкорон, деҳқонон ва шаҳрвандони ғамхор созмон дода шудааст. Дар доираи ин ҳаракат ба тоифаҳои аҳолии ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ ба маблағи 204 миллиард сӯм кӯмак расонида шуд.
Дар асоси тамоюли «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб оғоз мешавад» ба ислоҳоти куллии системаи маориф диққати калон дода мешавад. Барои рушди соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат, адабиёт, варзиш, баланд бардоштани самаранокии корҳои маданию маърифатӣ, муайян намудани қобилият ва истеъдоди ҷавонон, хусусан духтарон, корҳои азим ба амал бароварда мешаванд.
Ҳамаи ин ба офаридани таҳкурсии Эҳёи сеюм дар мамлакати мо — давраи нави рушди миллии мо хидмат мекунад.
Ислоҳоти амиқ тибқи боз як қоидаи дигари муҳими конститутсионӣ — таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус дар соҳаи суду ҳуқуқ сурат мегирад. Инро он факт тасдиқ мекунад, ки дар тӯли чор соли охир 2600 шаҳрванд сафед карда шуда, 2400 нафар аз толори суд озод гардиданд, шумораи мақомоти судҳо аз 7 ба 3 кам карда шуд, низоми судӣ дар асоси принсипи «як суд — як инстансия» ташаккул ёфт.
Дар кишвар Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон пайваста амалӣ мешавад.
Кор оид ба истифодаи институти афв идома дорад. Танҳо дар давоми ин сол беш аз 300 нафар афв ва аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, барои 200 нафаре, ки аз рӯйи ноогоҳӣ ҷиноят содир кардаанд ва аз кирдори худ таҳтидилона пушаймон мебошанд, мӯҳлати адои ҷазо кам карда шуд.
Шахсоне, ки муддати тӯлонӣ шаҳрвандӣ надоштанд, имрӯз шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гардиданд. Агар дар зарфи биступанҷ соли охир мақоми шаҳрвандӣ ҳамагӣ ба 482 нафар дода шуда бошад, дар айни ҳол ба беш аз 50 ҳазор шахс шаҳрвандии мамлакатамон пешниҳод мегардад. Ин ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи аҳамияти кам кардани шахсони бидуни шаҳрвандӣ ҷавоби муносиб мегардад.
Ба шарофати бартарафсозии маҳдудиятҳое, ки бо хариди моли ғайриманқул дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд алоқаманданд, беш аз 40 ҳазор шаҳрванд тавонистанд ба номи худ манзилеро, ки дар минтақаи вилояти Тошканд ба даст оварданд, расмӣ гардонанд.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Сиёсати муттасиле, ки ба амиқсозии минбаъдаи ислоҳоти демократӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нигаронда шудааст, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Вақте ки сухан дар бораи ин меравад, бояд дастгирии байналхалқии чандин ташаббуси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, пешниҳодоти дақиқеро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Ӯзбекистон дар ҷамъомади 75-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пеш гузошт, бояд таъкид кард.
Бори аввал дар таърихи мамлакатамон моҳи октябри соли ҷорӣ Ӯзбекистон узви Шӯрои ҳуқуқи инсон – яке аз мақомоти асосии СММ интихоб гардид.
Ин боз як дастоварди бузурги сиёсати хориҷии шаффоф ва фаъолонаи мо мебошад.
Ба туфайли беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани потенсиали сайёҳӣ ва содиротӣ, фаъолона ба ҳаёт татбиқ намудани стандарт ва меъёрҳои Ташкилоти ҷаҳонии меҳнат мавқеи Ӯзбекистон дар таснифоти байналхалқӣ мустаҳкам мегардад.
Сарфи назар аз мамониат ва мушкилоти мухталиф, ки ба иллати пандемияи коронавирус, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ зоҳир гардид, робитаҳои хориҷии мо қатъ нагардиданд. Муносибат бо давлатҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои шарик дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ инкишоф меёбад.
Мардуми мо хуб медонад, ки соли ҷорӣ барои зуд ва мусбӣ ҳал намудани мушкилоти шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа қарор доштанд ва ба онҳо расондани кӯмаки ҳуқуқӣ барои ба Ватан бозгаштан чорабиниҳои дақиқ андешида шуд. Ҳамин тариқ, дар давраи пандемия ба мамлакат баргаштани беш аз 500 ҳазор нафар шаҳрвандон таъмин карда шуд, кӯмакҳои гуногун ба қариб 100 ҳазор ҳамватан, ки дар хориҷ аз мамлакат дар ҳолати ногувор мондаанд, расонда шуд.
Чорабиниҳои гуманитарӣ дар бобати баргардондани шаҳрвандон, асосан занон ва кӯдакон, ки ба ваъдаҳои дурӯғин бовар карда, аз мамлакат хориҷ гаштаанд ва имрӯз дар минтақаи Шарқи Наздик, ки он ҷо муноқишаи мусаллаҳона идома дорад, имрӯз бо машаққатҳо дучор мегарданд, идома доранд.
Бинобар ин, бори дигар таъкид кардан мехоҳам: шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳамеша зери ҳимояи давлат ва Конститутсия хоҳанд буд, мо минбаъд низ ин принсипро қатъан риоя хоҳем кард.
Дӯстони мӯҳтарам!

Ҳамаи мо хуб медонем, ки дастовардҳои мо дар чор соли охир – ин ҳамагӣ қадамҳои аввал ба сӯйи мақсадҳои бузурги муқаррарнамудаамон мебошад. Дар ин роҳ мо бояд муҳимтарин вазифаҳоро ҳал намоем.
Якум, имрӯз худи ҳаёт минбаъд такмил додани Конститутсия ва қонунҳоро тақозо дорад. Аз он ҷумла, қонунҳое бояд қабул гарданд, ки ба манфиати халқ, либерализатсияи тамоми ҷанбаҳои ҳаёт хидмат намоянд, ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, бекор карда шаванд, пойгоҳи меъёрӣ оптимизатсия шуда, меъёрҳои барзиёде, ки ба танзими фаъолияти тиҷоратӣ алоқаманданд, кам карда шаванд.
Фикр мекунам, ки дар татбиқи ин вазифаҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ боз ҳам фаъолтар иштирок хоҳанд кард.
Дуюм, таҳия ва дар амал татбиқ намудани механизмҳои муассири огоҳӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, ки душмани асосии тараққиёти мо мебошад, ногузир аст.
Аҳамияти ин масъаларо он чиз собит менамояд, ки дар ду соли охир барои ҷиноятҳое, ки бо коррупсия иртибот доранд, 1986 шахси соҳибмансаб ба ҷавобгарӣ кашида шуд, ки бо амали ғайриқонунии худ ба давлат дар ҳаҷми 2 триллион сӯм зарар овардаанд.
Барои ба таври бонизом ва маҷмӯъӣ идома додани кор дар ин самт мо Стратегияи миллии мубориза бар зидди коррупсияро таҳия менамоем, ки барои солҳои 2021-2025 муқаррар гаштааст.
Бори дигар мехоҳам таъкид намоям: ин барои мо вазифаи муҳим ва афзалиятнок боқӣ мемонад. Чунки коррупсия таҳдиди фавқулодда хатарнок мебошад, ки давлатро аз дохил хароб намуда, ба бехатарии миллӣ латма ворид мекунад, муборизаи бемуросо бо ин падида – қарзи ҳар яки мост.
Сеюм, мо бояд эътиборро ба масъалаҳои мустаҳкам намудани сулҳ, осоиштагӣ, мусолиҳаи байнимиллӣ ва таҳаммули байнидинӣ, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ дар мамлакат пурзӯр намоем. Барои дар амал таъмин намудани принсипи «Қонун аз ҳама воло – ҷазо барои ҷиноят – муқаррар» тамоми қувва ва имконоти мақомоти тартибу интизом сафарбар хоҳанд гардид.
Чорум, минбаъд низ барои мо таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими собиқадорони ифтихорманд, занони мӯҳтарам ва ҷавонони азмашон қатъӣ, мустаҳкам намудани фазои сулҳ ва ҳамбастагӣ дар хонаводаҳо, маҳаллаҳо ва умуман дар мамлакати сермиллати мо, ки ҳамаи мо дар як оила зиндагӣ мекунем, боқӣ мемонад.
Панҷум, мо корро дар бобати таъмини озодии сухан ва матбуот, мустақилии воситаҳои ахбори оммавӣ, барқарор намудани назорати ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурзӯр менамоем.
Ҳар яки мо бояд дақиқ ва равшан фаҳмем: ҷараёнҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофӣ, гуногунандешӣ ва таҷдиди демократӣ дар ҷамъиятамон чунин хусусияти бебозгашт, мисли ислоҳоте, ки дар тамоми ҷанбаҳо татбиқ мегардад, касб намуд ва мо ин роҳро қатъиян идома медиҳем.
Ҳамватанони мӯҳтарам!

Бебозгашт баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти халқ, боз ҳам фараҳнок ва шукуфон намудани он, ки ҳар як инсон дар мамлакат, новобаста аз миллат, забон ва эътиқод эътибор ва ғамхории давлат ва ҷамъиятро эҳсос намояд – ин вазифаи асосии мост.
Боварӣ дорам, ки ҳамаи ҳамватанони мо дар роҳи ин мақсади шарафнок муттаҳид гардида, бунёдкорони фаъоли Ӯзбекистони нав мегарданд.
Бори дигар шуморо бо Рӯзи Конститутсия самимона табрик намуда, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, бахти оилавӣ, дар ҳаёт ва фаъолиятатон ба хотири ҷамъият комёбиҳои бузург таманно дорам.
Бигузор, сулҳ ва осоиштагӣ дар хонаҳои мо, дар мамлакати зебои мо ҳукмфармо бошад!
Бигузор, ҳама орзу ва ормонҳои некамон ҷомаи амал пӯшанд!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ