Сабаби эҳтимолии ба бемории номаълум дучор шудани садҳо нафар дар Ҳиндустон ошкор карда шуд

Пештар хабар дода шуда буд, ки бемории номаълум дар шаҳри Элуруи иёлати ҷанубии Андҳра-Прадеш дар ҳоли афзоиш аст. Як нафар аз ин беморӣ даргузашт ва 315 нафар бо ҳамин нишонаҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.
Бемории номаълуме, ки дар тақрибан 400 нафар дар Ҳиндустон мушоҳида шудааст, эҳтимол дорад, зидди дафъи хомӯшакҳо бошад. Дар ин бора хабаргузории PTI хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки ин танҳо тахмини мутахассисон аст. Ангезандаи беморӣ то ҳол муайян карда нашудааст.
Мувофиқи маълумоти рӯзномаи The Hindu, беморон нишонаҳои чарх задани сар, дарди сар ва эпилепсия (қуянчуқ) доштанд.
Тибқи гузориши The Times of India, беморон аз рӯзи шанбеи 5-уми декабр ба табибон бо ин беморӣ муроҷиат мекунанд. Он рӯз нишонаҳои номаълум дар 45 нафар, ки дар минтақаҳои гуногуни Элуру зиндагӣ мекунанд, ошкор карда шуда буд.
Вазири тандурустии ҳудуд Кали Кришна Шринавас гуфт, ки санҷиши коронавирус дар ҳамаи онҳое, ки имрӯзҳо ба беморхонаҳо оварда шудаанд, манфӣ буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ