Қомуси мо – бахти мо

Бо мақсади омӯзиши амиқи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва тарбия 3-юми декабри соли равон дар мактаби таълими умумии рақами 77 бо ташаббуси шӯъбаи таълими халқи шаҳр таҳти шиорҳои «Таърихи бузурги мо» ва «Қомуси мо – бахти мо» маросими кушодашавии моҳонаи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва тарбия баргузор гардид. Дар он шӯъбаи таълими халқи шаҳр Раъно Буранова ва муаллимони таърих, ҳуқуқ ва тарбияи ҳамаи мактабҳо ширкат варзиданд.
Дар тадбир аз тарафи хонандагон шеър­ҳо қироат гардида, дар бораи шахсиятҳои таърихӣ саҳначаҳо гузоштанд.
Донишомӯзон ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон зери мавзӯи «Конститутсия – асоси хушбахтии мо» баромад карданд.
Хонандаи синфи 10-Б Азамат Найимов образи Заҳириддин Муҳаммад Бобурро бо маҳорати баланд иҷро кард, ки ба ҳозирон хеле писанд омад. Хонандагон дар бораи осори олимони бузург, ба монанди Берунӣ, Ибни Сино, Ал-­Хоразмӣ, Фарғонӣ ва Замахшарӣ маълумотҳои беназир доданд.
Бояд гуфт, ки ташкили чунин чорабиниҳо ва тадбирҳо барои ташаккули ҳиссиёти баланди муҳаббат, эҳтиром, садоқат ба Ватан, пойдори эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар дили ҷавонон кӯмак мекунанд, ба онҳо то чӣ андоза бой будани таърихи моро меомӯзонад, ҷаҳонбинии маънавии хонандагонро инкишоф медиҳанд ва дар корҳои ояндаашон ёри мерасонанд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби муаллимаи фанни таърих Меҳрубон Ҳотамова тақдимоти барномаи методии «Муаллим ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст» баргузор гардид.

Баҳром ТОШБОЕВ,
ҷонишини директор оид ба корҳои хонишии мактаби таълими умумии рақами 77-и шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ