Мутахассис бештарин пайомади коронавирусро маълум кард


Владимир Болибок, шифокори иммунолог ва аллергологи рус мегӯяд, ки дар бештарин ҳолатҳо бемор баъди коронавирус бо тағйири фишори хун рӯбарӯ мешавад. Дар ин бора Лента.ру хабар дод.
Болибок гуфт, ки бисёре аз мубталоёни коронавирус баъди шифоёбӣ бо болоравии фишори хун рӯбарӯ мешаванд. Ин натиҷаи кам шудани кашиши девораҳои раг дар организм мебошад. Системаи рагҳои одам дар чунин ҳол аз фаъолияти мӯътадил бозмемонад.
Ба гуфтаи ӯ, маълум нест, ки вайрон шудани фаъолияти системаи рагҳо пайомади кӯтоҳмуддат аст, ё дарозмуддат. Ҳамчунин, то ҳол маълум нест, ки коронавирус бештар ба кадом узви одам таъсир мекунад.
Мутахассис афзуд, “Метавонад тамоми организм осеб бинад. Эҳтимолан ҳоло касе намедонад, ки бо ин чӣ кунад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ