Ҳиндустон ваксинаи худро ба Ӯзбекистон пешниҳод кард


Абдуҳаким Ҳоҷибоев, вазири ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон рӯзи 7 декабр бо Маниш Прабҳат, сафири Ҳиндустон дар Тошканд мулоқот кард. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Маниш Прабҳат дар мулоқот гуфт, ки ҳоло дар Ҳиндустон 3 ваксинаи нави зидди коронавирус сохта мешавад. Дуто аз ваксинаҳо дар марҳилаи дувум ва якто дар марҳилаи савумии озмоиш қарор дорад.
Парбҳат гуфт, ки ин ваксинаҳо дар оянда барои мардуми Ӯзбекистон низ фоидаовар хоҳад буд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, сармоягузорӣ ва дорусозӣ низ баррасӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ