Мутахассиси амрикоӣ сабаби беҳтар будани вазъияти эпидемиологии Тоҷикистонро тавзеҳ дод


Ораш Алоӣ, мудири пажӯҳишгоҳи саломатии ИМА сабаби сатҳи пасти паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод. Дар ин бора Регнум ба нақл аз вазорати тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод.
Ораш Алоӣ гуфт, ки кишвари Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ ва нисбатан камаҳолӣ аст. Ба назари ӯ, дар шароити минтақаи кӯҳистонӣ фосилаи бехатарро нигоҳ доштан осонтар аст.
Бино ба маълумоти рӯзи 7 декабр шумори мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон 12 469 нафар аст. Ҳамарӯза дар ин кишвар камтар аз 40 нафар бемори нав сабт мешаванд. Илова бар ин, Тоҷикистон бо мавҷи дувуми пандемия рӯбарӯ нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ