Ширкати АМА барои дар Сирдарё парвариши каннабис инвеститсия ҷудо кард

Аморати Муттаҳидаи Араб ба яке аз шарикони асосии стратегии Ӯзбекистон табдил меёбад. Ҷониби Аморат ба рушди шарикии гуногунҷабҳа бо кишвари мо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ бо иштироки хидматгузорони баландпояи давлатии ҳукумати АМА таваҷҷӯҳи махсус медиҳад.
Яке аз чунин шарикон, ки лоиҳаҳои умедбахшро дар соҳаи кишоварзӣ татбиқ мекунад, гурӯҳи байналмилалии ширкати «Industrial Innovation Group» (IIG) мебошад. Ин ширкат, ки марказаш дар АМА воқеъ аст, дар мамлакати мо лоиҳаи бузурги парвариши каннабисро ба роҳ монд.
Парвариши каннабис яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи сектори замонавии агросаноатӣ мебошад. Имрӯз каннабис дар тақрибан 50 кишвари ҷаҳон парвариш карда мешавад. Дар баъзе давлатҳо он ҳатто мақоми стратегӣ гирифтааст.
Дар аввал вазири кишоварзии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев лоиҳаи парвариши каннабиси техникӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулотро дар кишвар моҳи феврали соли 2019 ҳангоми сафараш ба вилояти Сирдарё ба Президенти кишвар муаррифӣ кард.
Моҳи марти соли 2019 ҳангоми сафари сарвари давлати мо ба Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи дуҷонибаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Ӯзбекистон, аз ҷониби худ барои ин лоиҳа тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овард. Ҳамин тавр, 17 марти соли 2020 Президенти Ӯзбекистон қонунеро имзо кард, ки ба парвариш, коркард ва нигоҳдории каннабиси техникӣ барои мақсадҳои саноатӣ иҷозат медиҳад. Дар вилояти Сирдарё барои парвариши ин растанӣ 3 842 гектар ҷудо карда шуд. Дар оянда пешбинӣ шудааст, ки майдони кишт ба 25 ҳазор гектар расонда шавад.
Қарори ҳукумати Ӯзбекистон парвариши каннабиси техникиро, ки дар таркибаш камтар аз 0,2 фоиз тетрагидроканнабинол дорад, иҷозат медиҳад. Воқеан, навъи каннабиси дар ноҳияи Хавос кошташуда миқдори аз ин ҳам камтари тетрагидроканнабинол – 0,00008 фоизро дорад. Ин аз талаби қонун 2,5 ҳазор маротиба камтар аст.
Тибқи созишномаи имзошуда, IIG лоиҳаи парвариши каннабиси техникӣ, зағир ва дигар растаниҳои кишоварзиро дар вилояти Сирдарё амалӣ мекунад. Дар айни замон, сармоягузор аллакай таҷҳизоти баландсифатро барои парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди каннабис харидааст.
Бо кӯмаки 83 адад техникаи муосири кишоварзӣ, автомобилӣ ва корҳои махсус барои азхудкунии заминҳои ҷудошуда идома доранд. Ҳар гектар замин дубора кор карда, аз алафҳои бегона тоза, чораҳои мубориза бо шӯршавӣ татбиқ гардида, обёрии қатрагӣ ташкил карда мешавад.
Каннабис барои барқарор кардани қитъаҳои заминҳои аз муомилот баровардашуда истифода мешавад. Инак, замини барои кишти каннабиси техникӣ дар ноҳияи Хавос ҷудошуда 30 сол боз шудгор карда намешуд. Аз ин рӯ, алафҳои бисёрсолаи намудҳои гуногун пахш кардааст. Инчунин дар тақрибан 50 фоизи майдонҳои ҷудошуда шӯршавӣ ба назар мерасад.
Дар муддати кӯтоҳ на танҳо барои парвариши каннабис, балки барои коркарди он ва истеҳсоли ашёи хоми ба содирот нигаронидашуда низ кори мукаммал анҷом дода шуд. Ширкати фаръии Ӯзбекистон «RS Success Agro», ки ба гурӯҳи корхонаҳои IIG дохил мешавад, лоиҳаро мустақилона ва бидуни истифодаи маблағҳои буҷа маблағгузорӣ мекунад.
Нақшаҳои ояндаи сармоягузор офаридани навъҳои худӣ бо миқдори ками THC, аммо ҳосили баланди поя ва тухмҳо мебошанд. Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки каннабис парвариш мекунад ва аз он истеҳсоли маҳсулоти гуногунро ба роҳ мемонад, табдил меёбад.
Дар айни замон, каннабис ашёи хоми барои саноати хӯрокворӣ, косметикӣ, бофандагӣ, сабук, коғаз, сохтмон, авиатсия, ҳарбӣ, сӯзишворӣ ва дигар соҳаҳо маъмултарин мебошад. Технологияҳои муосири коркард имкон медиҳанд, ки ашёи хоми каннабиси техникӣ барои истеҳсоли беш аз 50 000 намуди маҳсулот ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода бурда шавад. Ин муқобили хуби экологӣ ба садҳо ҳазор тонна партовҳои заҳролуд аз истеҳсоли маҳсулоти синтетикӣ мебошад.

Каннабиси техникӣ барои саноати коғазу селлюлоза ашёи хоми экологӣ мебошад. Парвариши ин растанӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти коғазии воридотӣ дар Ӯзбекистон иваз карда шаванд. Имрӯз, маҳсулоти саноати коғазии Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумӣ 10-12 фоизро ташкил медиҳад, боқимонда ворид карда мешавад.
Коршиносони байналмилалӣ қайд мекунанд, ки каннабис ба яке аз зироати асосии замони мо табдил меёбад. Тақрибан баъд аз даҳ сол саноати пластмасса бинобар маълумоти ширкатҳои машваратӣ то 40 фоизи таркиби растаниро ба сифати ашёи хом истифода хоҳад кард. Ва ин нақши муҳимро каннабиси техникӣ мебозад.
Дар баробари ин, бояд дарк кард, ки танҳо коркарди ҳамаҷонибаи маҳсулот аз каннабиси техникӣ метавонад некӯаҳволии иқтисодии кишварро кафолат диҳад. Бо шарофати парвариши каннабиси техникӣ ба Ӯзбекистон сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Ва дар натиҷа, истеҳсоли маҳсулоти беназири рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шуд. Инҳо даромади назарраси иловагии буҷа, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Абдуҷалол ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ