9-уми декабр — Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

9-уми декабри соли 2003 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Меридаи Мексика Конвенсияи байналмилалӣ алайҳи коррупсия ба имзо расид. То имрӯз 172 давлат ба ин конвенсия пайвастаанд.

Тибқи резолютсияе, ки соли 2003 дар иҷлосияи 53-юми Ассамблеяи Генералии СММ қабул шуда буд, ин рӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон карда шуд.

Соли 2016 Ташкилоти Байналмилалии Стандартнамоӣ Системаи Идоракунии Мубориза бо коррупсия ISO 37001: 2016 -ро ҷорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми сентябри соли 2020 Вазорати адлия дар байни мақомоти давлатии Ӯзбекистон аввалин шуда ҳамаи соҳаҳои ISO 37001: 2016-ро мутобиқи стандарти байналмилалии «Системаи идоракунии мубориза бо коррупсия», ки ба феҳристи байналмилалӣ дохил карда шуда, сертификатро ба даст овард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ