Баъди музокираҳои бенатиҷаи “Брексит” худи Борис Ҷонсон ба Брюссел меравад


Имрӯз, 9 декабр Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир ба Брюссел меравад. Баъди музокираҳои бенатиҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир бобати “Брексит” худи Ҷонсон мехоҳад ин масъаларо дар Брюссел ҳал кунад.
Бино ба хабари Евронюз, сарвазири Британия бо Урсула фон дер Ляейн, раиси Комиссияи Аврупо дидор мекунад. Зоҳиран ин охирин кӯшиш барои тавофуқ кардан дар масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба баъди “Брексит” аст.
Урсула фон дер Ляейн бо изҳори хушнудӣ аз ташрифи Ҷонсон гуфт, ки музокираҳо идома хоҳанд ёфт.
Рӯзи гузашта маълум шуд, ки Британия омода аст аз чанд банди созишнома сарфи назар кунад. Ин бандҳое ҳастанд, ки мешавад ҳамчун вайронкунии қонунҳои байналмилалӣ эътироф шаванд. Дар мавриди дигар бандҳо ҳеч кадом аз тарафҳо ба ақибнишинӣ розӣ нестанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ