Вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ дар феҳристи бемориҳои байналмилалӣ сабт шуд


Вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ дар феҳристи нави бемориҳои байналмилалӣ, ки аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ мешавад, сабт шуд.
Владимир Позняк, мутахассиси беҳсозии (профилактика) худкушии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ боиси стресси рӯҳии одам мегардад.
Ба гуфтаи мутахассис, дар ҷаҳон миллионҳо нафар барои вақтгузаронӣ машғули бозиҳои компютерӣ мешаванд. Аммо, дар чунин вазъият одам бояд дар миёни фаъолияти онлайн ва офлайн мувозанаро нигоҳ дорад.
Позняк афзуд, “Дар даври душвори пандемия одамон маҷбур мешаванд дар хона бимонанд. Дар чунин ҳол тартиби рӯзи кас хеле тағйир меёбад. Ба ин далел, ба одатҳои бад мисли бозиҳои компютерӣ вобаста шудан осон аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ