Мӯҳлати имтиёз ва преференсияҳое, ки аз сабаби пандемия барои соҳаи туризм то охири соли 2020 пешниҳод гардида буд, то охири соли 2021 дароз карда шуд

Рӯзи 9-уми декабр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев доир ба корҳое, ки дар соҳаи туризм ва варзиш амалӣ гардиданд, вазифаҳо дар соли оянда ҷамъомади видеоселекторӣ гузаронида шуд.
Дар Ӯзбекистон туризм чун яке аз шохаҳои стратегии иқтисодиёти кишвар рушд меёбад. Дар асоси як қатор фармон ва қарорҳо шароитҳои ин соҳа васеъ карда мешавад.
Бахусус, адади мамлакатҳое, ки барои ташрифашон ба мамлакати мо виза талаб карда намешавад, аз 9 адад ба 86-то зиёд гардид. Инчунин, барои 53 давлат «визаи электронӣ» ҷорӣ карда шуд.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки имтиёз ва преференсияҳои аз сабаби пандемия барои соҳаи туризм то охири соли 2020 пешниҳодгардида, то охири соли 2021 дароз гардида, барои аҳолӣ доир ба хизматҳои нақлиётӣ ва меҳмонхона имтиёзҳо дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ