Доналд Трамп: Ваксинаи амрикоии зидди коронавирус ҳамин ҳафта омода хоҳад шуд

Ваксинаи амрикоии зидди коронавируси навро танзимгар ҳамин ҳафта тасдиқ карда, пас аз он эмгузаронии аҳолӣ дар Иёлоти Муттаҳида шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин хусус Президенти ИМА Доналд Трамп 6-уми декабр зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар иёлати Ҷорҷия изҳор кардааст, хабар медиҳад ТАСС.
Ба фикри роҳбари Кохи Сафед, ба туфайли кӯшишҳои маъмурияти ӯ, дар ИМА коркарди ваксина бениҳоят зуд сурат гирифт. «Маъмурияти дигар барои ин шояд панҷ сол сарф мекард. Ба мо ҳафт моҳ лозим шуд”, — изҳор доштааст ҷумҳурихоҳ.
Маъмурияти ИМА барои коркарди ваксинаи зидди коронавирус ба ширкати амрикоии Moderna 486 млн доллар, — ба Johnson & Johnson 456 млн доллар, ба AstraZeneca бритониёӣ-шведӣ, ки дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Оксфорд (Бритониёи Кабир) ба коркарди ваксина машғул аст, 1,2 млрд доллар ҷудо кардааст. Инчунин дар ИМА ширкатҳои Merck ва Pfizer низ ба коркарди ваксинаи машғул мебошанд. Мутобиқи маълумоти Кохи Сафед, маъмурият барои ин лоиҳаҳо маҷмӯъан 12 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.
Раёсати хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА 10-уми декабр ҷаласаро барои тасдиқи ваксинаи таҳиянамудаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech -и Германия таъйин кардааст. Ин ширкатҳо 20-уми ноябр ба Раёсат дархости дахлдор пешниҳод карда буданд. Баъдтар Moderna низ ҷиҳати тасдиқи ваксинааш дархост пешниҳод кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ