Раиси собиқи барномаи кайҳонии Исроил: Намояндагони сайёраи дигаре ҳоло дар миёни одамон мегарданд


“Бегонаҳо” ҳоло дар миёни аҳолии Замин зиндагӣ мекунанд ва онҳо бо ҳукумати ИМА дар ин бора мувофиқат кардаанд. Вақте, ки одамон омода мешаванд, онҳо худро ошкор мекунанд. Хаим Эшед, раиси собиқи барномаи кайҳонии Исроил дар мусоҳибае бо хабарнигори Yediot Aharonot чунин гуфт.
Ӯ гуфт, “Бегонаҳо хостаанд, ки хабари дар Замин будани онҳо мунташир нашавад. Одамон ҳанӯз омода нестанд”.
Профессори 81-сола таъкид кард, ки дар Миррих пойгоҳи (база) пинҳонии бегонаҳо ҷойгир аст. Ҳамчунин, Эшед бовар дорад, Доналд Трамп – раисҷумҳури ИМА мехоҳад бегонаҳоро фош кунад, аммо онҳо ба ин имкон намедиҳанд.
Ба гуфтаи Эшед, худи Трамп бо намояндагони тамаддуни ғайризаминӣ аз тариқи тамос бо пешвоёни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ким Чен Ин музокира мекунад.
Хаим Эшед ҳоло корманди хадамоти амнияти Исроил аст. Ӯ 30 сол роҳбари барномаи кайҳонии Исроил буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ