Кормандони давлатии Италия корпартоӣ мекунанд


Калонтарин шӯроҳои касбии Италия рӯзи 9 декабр корпартоии миллии кормандони давлатиро оғоз карданд.
Бино ба хабари Регнум, дар корпартоӣ кормандони муассисаҳои таҳсилотӣ, ҳокимиятҳо ва кумитаҳои андоз низ иштирок карданд.
Кормандони давлатии Италия мехоҳанд, ки эътибори ҳукуматро ба муаммоҳои асосии соҳаашон ҷалб кунанд. Аз назари онҳо, кам будани шумори кормандон, ва дар сатҳи зарурӣ босубот набудани шартномаҳои кориашон муаммоҳои асосӣ мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ