Дар 150 соли охир 60 дарсади пиряхи кӯҳҳои Алп дар Италия об шудааст


Италия дар 150 соли охир 60 дарсади майдонҳои пиряхи кӯҳҳои Алпро аз даст додаст. Дар оянда суръати обшавии пиряхҳо боз болотар меравад.
Анҷумани миллии экологии Италия – Legambiente рӯзи панҷшанбе натиҷаи пажӯҳиши худро эълон карданд.
Бино ба маълумоти олимон, аз солҳои 1980 обшавии пиряхҳо суръат гирифтааст ва дар 15-20 соли оянда баъзе майдонҳои алоҳидаи пиряхҳо дар Италия комилан нобуд хоҳанд шуд.
Ин ҷараён муаммои ҷиддии экологӣ аст ва ҳамзамон ба фаъолияти осоишгоҳҳои кӯҳии Италия таҳдид мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ