Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати нави Тоҷикистонро таъин кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади муштараки маҷлисҳои болоӣ ва поёнии порлумон ҳукумати нави кишварро бо фармони худ таъин кард.
Қоҳир Расулзода дар мақоми сарвазирии Тоҷикистон монд. Ҳамчунин, раисони кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати мудофиа мақоми худро нигоҳ доштанд. Роҳбарони вазорат ва кумитаҳои дигари Тоҷикистон иваз шуданд. Дар таркиби ҳукумати нав 3 нафар зан ҳамроҳ шуданд, ки вазири фарҳанг ва вазири кор аз ин ҷумлаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 30 октябр бо қарори Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати қаблӣ истеъфо дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ