Вазорати молия: Қарзи хориҷии Ӯзбекистон ба $18,5 миллиард расид


Дар 9 моҳи соли ҷорӣ қарзи Ӯзбекистон 2,8 миллиард доллар, ё 18 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора вазорати молия хабар дод.
Бино ба ин хабар, ҳоло қарзи хориҷии Ӯзбекистон ба 18,5 миллиард расидааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми қарзи ҳукуматӣ 12,7 миллиард аст.
Ҳаҷми қарзе, ки ҳукумат кафил шудааст, 5,8 миллиард доллар мебошад.
Қарзи дохилӣ тақрибан 23,6 триллион сӯм буда, аз он 4,7 триллион сӯм қарзи ҳукуматӣ ва 18,9 триллион сӯм қарзи ҳукумат кафилшуда мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ