Шавкат Мирзиёев бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот кард


Сарварони Ӯзбекистон ва Туркманистон сӯҳбати телефониро анҷом доданд. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Шавкат Мирзиёев дар оғози ин сӯҳбат Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва халқи туркманро бо 25-умин солгарди истиқлоли Туркманистон шодбош гуфт.
Тарафҳо дар мулоқот ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, ҳамлу нақл ва фарҳангро баррасӣ карданд. Дар бораи ҳамкорӣ дар муброиза бо пандемияи коронавирус тавофуқ карданд.
Ҳамчунин, сарварони ду кишвар дар бораи вазъияти имрӯзаи ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ